Мамадҷонов Маҳмудҷон ҳамчун муассиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Тоҷиктара” фаъолият намуда, даст ба ғайриқонунӣ додани қитъаи замин задааст, ки ин кирдораш ошкор ва худаш ҷарима шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.

Номбурда аз шаҳрванд Абдураҳмонов С. А. барои ҷудо намудани қитъаи замин 19215 доллар талаб намуда, аз маблағи зикргардида ҳамчун пешпардохт 14.000 доллар гирифтааст. Сипас, Мамадҷонов Маҳмудҷон бо мақсади қонунӣ вонамуд сохтани амалҳои худ бар хилофи ӯҳдадориҳои заминистифодабаранда амал намуда, ба таври рӯякӣ шартнома оид ба сармоягузории манзилгоҳ аз номи ҶДММ “Тоҷиктара” ҳамчун “Иморатсоз” ва Абдураҳмонов С. ҳамчун “Сармоягузор” ба расмият дароварда, ба охирӣ додааст.

Ба ҳамин монанд Мамадҷонов Маҳмудҷон ба шаҳрвандон Абдураҳмонов А., Очилов Ғ. ва Сотиволдиев Ҷ. ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо намудааст.

Нисбати Мамадҷонов Маҳмудҷон бо модддаи 338 иловаи 1 қисми 2 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст. Бо ҳукми суди шаҳри Гулистон нисбати ин гунаҳкор ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 47500 сомонӣ татбиқ карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here