Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъкид месозад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо ному насаби худаш симкорт гирад ва набояд симкорташро барои истифода ба шахси дигар бидиҳад. Дар сурати дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ё эктремистӣ истифода гардидани симкорт соҳиби он ба андозаи аз 800 то 1500 нишондиҳанда ҷарима карда мешавад.

Дар ин бора имрӯз муовини раиси Хадамоти мазкур Илҳомҷон Атоев дар нишасти матбуотии ниҳодаш иттилоъ дод.

Атоев дар шарҳи ин ҳолат гуфт, агар муштарӣ симкортро ба номи худаш ба қайд гираду барои истифода ба шахси дигар фурӯшад ва исбот шавад, ки симкорт дар ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ дошта истифода бурда шудааст, соҳиби он аз 44 то 82,5 ҳазор сомонӣ ё ба ба муҳлати аз 2 то 3 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.

-Агар ба номи худатон симкорт гиреду ба фарзандатон диҳед ва ҳамчунин, агар ба номи фарзандатон гиреду худатон истифода бурданӣ шавед, қатъиян манъ аст. Қарор ҳаминро талаб кардааст. Мақсади асосӣ таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат мебошад,-гуфт дар хулоса муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон И. Атоев.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here