Як ҳавпаймои бесарнишини амрикоӣ дар фазои Эрон сарнагун карда шудааст. Дар ин бора фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон Сардор Саломӣ хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, ки “Ҳавопаймои ҷосусии Амрико аз марзҳои мо убур карда ва дар ҳоли таарруз ба амнияти миллии мо буд”.

Саломӣ дар идома арз кардааст, ки қасди ҷанг бо ҳеҷ кишваре надоранд, аммо барои ҷанг комилан омодаанд.

“Сарнагун кардани паҳподи ҷосусии Амрико нишонаи равшане аз ин паёми дақиқ буд; пас мо истодаем” – илова кардааст ин фармондеҳ.

Ҷониби Амрико ин хабарро рад кардааст ва гуфтааст, ки ҳеҷ ҳавопаймои бесарнишинаш марзи Эронро убур накардааст ва сарнагун ҳам нашудааст.

Добавить комментарий