Дар шаҳри Турсунзода бо маблағгузории сафорати Амрико дар Тоҷикистон маросими ифтитоҳи бинои нави “Милитсия” баргузор гардид, ки дар он сафири ин кишвар Ҷон Марк Помершайм ширкат кард.
Дар оғоз раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф суханронӣ намуда, миннатдории худро ба сафир Помершайм иброз дошт.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Помершайм бо забони шевои тоҷикӣ меҳмононро хуш омадед гуфта, иброз дошт: “Шумо мардуми боғайрату бофарҳанг, якдигарфаҳм ҳастед. Ман ба Шумо боварӣ дорам”.
Дар ифтитоҳи банои нави милитсия дар шаҳри Турсунзода муовини вазири корҳои дохилии ҶТ ва меҳмонон аз сафорати Амрико иштирок доштанд.
Барои сохтмони бинои мазкур қариб 420 000 сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Добавить комментарий