Рӯзи сешанбе депутатҳои Палатаи қонунбарор ва сенаторҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои баргузории маҷлиси муштарак гирдиҳам омаданд. Дар  он Президент Шавкат Мирзиёев ширкат ва суханронӣ кард.

— Мардум бояд дар фаровонӣ зиндагӣ кунанд, дастурхони онҳо аз нозу неъмат ҳамеша пур бошад. Нақшаҳои ҳокимони даврро мардум акнун намепазиранд ва бояд онҳо бо дарназардошти талабу дархостҳои мардум кору фаъолияти худро ба роҳ монанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар роҳбари идора кори худро бояд аз нуқтаи назари танқидӣ арзёбӣ кунад. Вай гуфт, ин ҷо намояндагони воситаҳои ахбор ҳузур доранд ва гуфтанист, ки ҳанӯз мушкилоту муаммоҳои зиёд Ӯзбекистонро фаро гирифтааст ва дар бартараф кардани он депутатҳо ва сенаторон бояд талоши бештар кунанд, дар барҳам задани фасодкориҳо, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварашро фаро гирифтааст, талош ба харҷ диҳанд.

Гуфта шуд, ки дар соҳаи геология ва сӯзишворӣ фасодкорӣ зиёд аст. Хосатан ин соҳа дар бист соли охир ба ягон пешравӣ ноил нашудааст ва дар ин маврид таҷдиди назар мебояд. Соҳаи нақлиёт ва сохтмони роҳ низ хеле ақиб мондааст, таъмини баъзе аҳолии шаҳру ноҳияҳо бо оби нӯшокӣ ҳанӯз ҷиддан беҳбудӣ мехоҳад.

-Дар Ӯзбекистон соҳаи нафту газ ва энергияи сӯзишворӣ ягон мутахассиси дуруст надорад. Барои ҳамин мо дар татбиқи лоиҳаҳои бузург эҳтиёҷро эҳсос мекунем, -зикр кард Шавкат Мирзиёев. — Соҳаҳои гуногун ба кадрҳо ниёз доранд ва тавассути кумакҳои Бонки ҷаҳонӣ мо кадрҳоро ба таҳсил фаро мегирем. 10 миллиард доллар танҳо барои тайёр кардани кадрҳо харҷ хоҳад шуд ва ин ба панҷсолаи наздик муатааллиқ мебошад.

Ба таъкиди сарвари давлати Ӯзбекистон таваррум бояд ба 5 дарсад коҳиш ёбад ва маҳсулоти холиси дохилӣ 100 миллиард доллар афзоиш ёбад. Шавкат Мирзиёев гуфт, ки дар Донишгоҳи хоҷагии халқи Тошканд роҳбари нав тамоми муаллимони донишгоҳро аз  аттестатсия гузаронд ва маълум шуд, ки 65 дарсади муаллимон дониши  казоӣ надоранд.

Президенти Ӯзбекистон дар масъалаи тасдиқ намудани номзадии нахуствазир, ки аз масъалаҳои асосии ҷамъомади муштарак маҳсуб меёфт, чунин гуфт:

— Дар интихоботи гузашта Ҳизби либерал-демократи Ӯзбекистон бо ба даст овардани курсиҳои бештари парлумон ҷои аввалро ишғол кард ва шӯрои ин ҳизб номзадии нахуствазирро муҳокима намуд.  Пешбарии ин номзад аз мо масъулияти ҷиддӣ тақозо менамояд, то ки кадри ботаҷриба ва ҷонсӯзро ба ин мақом номзад пешбарӣ кунем. Ман ба ин мақом номзадии Абдулло Неъматович Ариповро тавсия мекунам.

Номзадии Абдулло Ариповро ба ин мақом депутатҳо ва сенаторон якдилона дастгирӣ карданд. Шавкат Мирзиёев дар поёни суханрониаш илова кард, ки масъалаҳои ҷиддиву муҳими дигари сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муроҷиатномаи  вай ба Олий Маҷлиси кишвараш дар миён гузошта хоҳанд шуд.

Абдулло Арипов баъди ибрози ташаккур ва эътимоду боварӣ ба Президент ва депутатҳову сенаторон дар бораи он ҳарф зад, ки дар панҷ соли оянда кадом вазифаҳои асосӣ аз авлавиятҳои фаъолиятии ӯ ва Кабинаи Вазиронро ташкил мекунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here