21-уми августи соли 2017, соати 9:00, дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону музофоти Хайнани Ҷумҳурии халқии Чин баргузор мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки  дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, туризм фаъолият доранд, барои ширкат дар ин ҳамоиш ба  Тоҷикистон хоҳанд омад.

Таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои тавлидотии муштарак, пайдо кардани ҷойҳои нави корӣ ва шарикони ҳамкор, инчунин, тақвияти ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ҳар ду кишвар аз ҳадафҳои асосии баргузории ин ҳамоиш ба ҳисоб мераванд, гуфта мешавад дар ин хабар.

Добавить комментарий