Ду сарбоз аз пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар шаҳри Бохтари Тоҷикистон аз як шахси бемории рӯҳидошта ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, ҳамла ба ду сарбози пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр рух додааст. Он аз ҷониби як сокини ноҳияи Вахш — Абдуллоев Ахлиддин, Файзиддинович, соли таваллудаш 1998 иҷро шудааст. Дар ин бора ОИ «АП» аз қавли сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ хабар дод.

Тибқи маълумоти пешакӣ сарбозон ҷароҳатро берун аз хидмати артиш ҳангоми дар назди сартарошхона суҳбат кардан, бардоштаанд. Сабаби ҳамла маълум нест.

Ҳарбиён ёрии зарурии тиббӣ гирифтанд, гумонбари ҳамла ба ҳабс гирифта шудааст. Ба гуфтаи Умарҷон Эмомалӣ, гумонбар «дар рӯйхати минтақавии беморони рӯҳӣ» будааст. Тибқи иттилои прокуратураи вилояти Хатлон, Ахлиддин Абудлоев аз соли 2006 дар беморхонаи вилоятии рӯҳӣ табобат гирифтааст.

Добавить комментарий