З-юми июли соли равон дар Раёсати БДА ВКД бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, сардори РБДА ВКД генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс ва намояндагони васоити ахбори омма озмуни «Роҳи бехатар-2019» ҷамъбаст гардид.

Аз рӯи гузориши ҳайати ҳакамон, аз 5-уми июли соли 2018 то 28-уми июни соли 2019 ба озмун 67 мавод ворид гардидааст. Ҳайати ҳакамон 27 маводро ба даври ниҳоӣ роҳ додаанд. Дар ҷаласаи ниҳоӣ ҳайати ҳакамон дар 7 номинатсия ғолибонро муайян намуданд.

Дар номинатсияи беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ дар матбуоти даврӣ Далер Мерганов, дар номинатсияи беҳтарин гузоришҳо дар намоишҳои телевизионӣ Исматулло Азизов, дар номинатсияи беҳтарин нигошта дар бораи ҳаёту фаъолияти нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ Назири Нусрат, дар номинатсияи беҳтарин гузоришҳо оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ Абӯалӣ Некрӯзов ва Раҷаббек Илёсов, дар номинатсияи беҳтарин мақола дар бораи «Шаҳри бехатар» Фаридун Абдулвоҳид ва дар номинатсияи беҳтарин барномаҳои радиоӣ Худоёри Валӣ ғолиб дониста шуданд.

Ҳамаи ғолибони озмун аз ҷониби сардори РБДА ВКД генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий