Дар амалиёти террористӣ, ки шоми дирӯз дар шаҳри Барселонаи музофоти Каталонияи Испания анҷом дода шуд, шаҳрвандони 18 кишвари дунё осеб диданд.

Шоми рӯзи панҷшанбе мошини боркаш ба маҳаллаи серодами Рамбл дар маркази шаҳри Барселона, дар роҳи ҳудудан 500-метрӣ, мардумро зер кард. Дар асари ин ҳамла, дастикам 13 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ронанда аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст ва то субҳи имрӯз боздошт нашуда буд. ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт ва эълон кард, ки ин кор дар ростои интиқом аз кишварҳои узви эътилофи зиддидииш ба раҳбарии Америка сурат гирифтааст

Дар идомаи пеш омадани шароити ғайримаъмул барои аҳолии Барселона, як мошини дигар дар шаҳри Камбрилс ба роҳгузарон ҳамла кард ва дар ин ҳодиса 7 нафар захм бардоштанд. Ҳамаи панҷ террористи ин мошин кушта шуданд, ки дар камари худ бомб ва маводи тарканда доштанд.

Шаб ду нафар ба гумони даст доштан ба қазияи Барселона боздошт шудаанд, аммо полиси Испания мегӯяд ҳеҷ як аз ду нафари боздоштшуда ронандаи он мошин нестанд. Боздошшудаҳо шаҳрвандии Испания ва Марокаш доранд.

Гуфта мешавад, ки дар Барселона дар як манзил низ таркиш ба амал омадааст, ки дар пайи он як нафар кушта шудааст. Полис мегӯяд ин инфиҷор ва ҳодисаи террористии рӯзи панҷшанбе ба ҳам рабт доранд. Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе дар наздикии Барселона рух дода буд, ки як кушта ва 7 захмӣ бар ҷой гузошта буд.

ВАО акси ронандаи мошинро нашр кард, ки ӯ Идрис Укабир ном доштааст. Идрис ба полис ҳозир шуда, арз кардааст, ки ҳуҷҷатҳояш дуздида шудаанд ва гумонбари ин дуздӣ бародараш Мӯсо Укабир-и 18-сола будааст.

Канали 20-и телевизион Испания гузориш дод, як мошини сафеди тамғаи «Фокс» дар ҳамлаи ҷудогонае дар шаҳри Барселона, ба пост ва бозарсиии полис ҳамла карда, 2 афсарро зер кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here