Дар ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳодисаи нохуш рух дод, ки дар натиҷаи он сардори фурудгоҳи Хоруғ Дилдор Мақсудшоев ба ҳалокат расид.

АИ «АП» бо истинод ба манбаи худ аз ШВКД-и ноҳияи Дарвоз менависад, ки сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Дилдор Мақсудшоеви 60-сола нимаи дуюми рӯзи 13-уми сентябр ҳангоми гусели Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе ҷароҳат бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки дар вақти аз замин боло шудани чархбол Мақсудшоев дар масофаи хеле наздик ба он қарор доштаааст, ки шамоли сахти парраҳои чархбол ӯро ба гилем печонидааст. Шамол гилемро ҳамроҳ бо сардори фурудгоҳ ба болои санги бузурге партоб кардааст. Аз ҷароҳатҳои бархӯрд ба санг Дилдор Мақсудшоев дар роҳ ба бемористон фавтидааст.

Мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ ин воқеаро як тасодуф, ё ҳодисаи нохуш арзёбӣ кардаанд. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ маросими дафни Дилдор Мақсудшоев дар назар аст.

Акс аз «АП»

Добавить комментарий