Сокини 25-солаи ноҳияи Шаҳритуси  вилояти Хатлон Шукур Бойбуриев ҳангоми кор дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Долгопруднии вилояти Маскави Федератсияи Русия аз ошиёнаи чорум ба замин афтода, ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, ки ду моҳ қабл фарзанди нахустини ин муҳоҷири тоҷик ба дунё омадааст.

Бино ба иттилои ҳамкорону ӯ ин ҳодиса дар таърихи 21-уми ноябри соли равон, соати 15:00 ба вақти Маскав, рух додааст. Ба қавли шоҳидон Шукур бештар аз тарафи сар зарба дидааст. Ҳамин ҳолат боис шудааст, ки ӯ баъди 10 дақиқаи ҳодиса ба ҳалокт расад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз чунин ҳодиса даҳҳо нафар аз муҳоҷири кории тоҷик ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба иттиллои Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон давоми 10 моҳи соли равон аз ин вилоят 180 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки аз ин шумора 20 ҳазору 652 нафар зан мебошанд.  

Добавить комментарий