Дар ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “Алломае, ки ба муқобили ҷаҳолат бо маърифат мубориза бурдааст” конфронси байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар меҳвари худ баррасии ҳаёт ва фаъолияти Абулмӯин Насафиро қарор медиҳад.

Ин конфронс бо ибтикори Маркази маънавият ва маърифати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон ва ҳамдастии ҳокимияти вилояти Қашқадарё роҳандозӣ гардид.

Ба конфронс олимону фозилони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Банғола, Миср, намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва хабарнигорони дохиливу хориҷӣ даъват шудаанд.

Дар маросими ифтитоҳи он гуфта шуд, ки 12 декабри соли 2018 Ассамблеяи генералии СММ дар иҷлосияи умумии худ қатъномаи вижаи “Маърифат ва кушодадилии динӣ”-ро қабул кардааст. Дар иҷлосияи мазкур боз таъкид шудааст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои охир перомуни омӯзиши мероси алломаҳои бузурги Шарқ ва олам Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотуридӣ, Бурҳонуддин Марғинонӣ ва чеҳраҳои намоёни дигар, ҳамчунин, тарғиби мероси онҳо дар байни ҷавонон корҳои зиёдеро пиёда намудааст.

Дар ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарё бунёди маҷмӯаи меъмории Абулмӯини Насафӣ ва тармими куллии мақбараи ӯ аз шумори корҳое мебошанд, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев анҷом пазируфтааст. Дар паҳлӯи ин меъморӣ масҷид барои 500 нафар намозгузор, китобхона, осорхона, чойхона, биноҳои маъмуриву маишӣ низ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Абулмӯини Насафӣ китобу рисолаҳои зиёд таълиф намудааст. Аз ҷумла, “Шарҳи усулҳои дин тибқи далелҳои тариқати Абулмансур Мотурудӣ”, “Муқаддимаи қоидаҳои тавҳид”, “Дарёи суханҳо дар илми калом” ва ба ин далел дар миёни олимону фозилони давраи худ ва баъди он ҳамчун “Шамшери ҳақиқат” ном баровардаву шуҳрат пайдо кардааст.

Ба гуфтаи таъсисгарони конфронс як қатор олимони ӯзбекистонӣ мероси Абулмӯини Насафиро мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор додаанд, ки аз натиҷаҳои он ба ширкаткунандагони ин анҷуман маълумоти муфассалу возеҳ ироа хоҳанд кард.

Ин конфронс ду рӯз давом мекунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Қаршӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here