Дастаи мунтахаби ҷавонони футболбози Тоҷикистон (U-19) ғалабаи дуюми худро дар вохӯриҳои санҷишии давраи омодагӣ дар Туркия ба даст овард.

Рӯзи шанбе шогирдони Мубин Эргашев бо дастаи «Анталияспор» (U-19) вохӯрии санҷишӣ гузаронданд. Футболбозони тоҷик дар аввали вохӯрӣ бо ҳисоби 0:1 ба шикаст дучор шуданд, аммо матонат нишон дода ин бозиро бо натиҷаи 3:1 ҷамъбаст карданд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Абдуллоев дубл кард. Як голи дигарро Шаҳром Самиев, ки дар қисми дуюм ба майдон баромада буд, ба нишон расонд.

Дар ин давраи омодагӣ, ки то 18-уми август идома меёбад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон боз 2 вохӯрии дигари санҷишӣ мегузаронад. Имрӯз ҷавонони тоҷик бо ҳамсолони худ аз дастаи «Аланяспор» ва 17-уми август бо дастаи «Манавгатспор» бозӣ мекунанд.

Вохӯрии якуми санҷишии даста бо дастаи туркии «Анталя Кундуспор» буд, ки бо натиҷаи 12:1 ба фоидаи бозигарони тоҷик ба охир расид.  

Ёдовар мешавем, ки дар даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябр дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон, Банғола, Шри-Ланка ва Малдив бозӣ мекунад.

Добавить комментарий