Роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ, дар тавозуни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фарозу нишебиҳои чанд қисмати ин роҳ ҳангоми равуои нақлиёт нигаронии ронандагонро ба миён овардааст.

Ҳолати роҳи километри 23- 24-уми мавзеи Осиёи Чашмаи деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ, дар вақти интиқоли картошка аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тавассути нақлиёти гаронвазн ба пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бештар осеб мебинад. Дар мавсими тобистон зиёдшавии оби дарёи Зарафшон боис ба шӯсташавии роҳи ин макон мегардад.

Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия Айнӣ Шербуттаев Садриқул дар сӯҳбат бо вебгоҳи Faraj.tj иброз дошт, ки аз нимаи дуюми моҳи январ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қисмати 23-24-уми роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ шурӯъ гардидааст.

– Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ тасмим гирифтааст, ки дар фасли зимистон , вақти кам будани оби дарё, корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монад. Ҳоло бо ҷалби кормандон ва 6 адад техникаи борбардору мумфаршкунандаи муассиса, дар ин мавзеъ корҳои бетонхобонӣ ҷараён дорад, – таъкид дошт Шербуттаев Садриқул. – Фармоишгари сохтмон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд буда, маблағгузор ширкати “Каритас”-и Олмон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мебошанд.

Добавить комментарий