Субҳи 13-уми май соҳибкорони бурунмарзии водии Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ ба беморхонаи марказии ноҳия кӯмаки молиявӣ ирсол карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ барои дастгирӣ ва бемонеа пушти сар кардани замони хуруҷи коронавирус соҳибкорони муқими Русияи дараи Искандаркӯл ба миқдори 30 ҳазор сомонӣ ба фонди мубориза алайҳи коронавирус маблағ гузаронидаанд.

– Бо маблағи воридшуда, аз рӯйи дархости табибони шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ, лавозимоти зарурӣ харидорӣ ва ба беморхона интиқол дода шуд, – гуфтанд аз дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Чанд рӯз пеш сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Ғоибов ба фонди мубориза алайҳи вирус дар ноҳияи Айнӣ 25 ҳазор сомонӣ кӯмак карда буд.

Добавить комментарий