Набудани нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ дар чанде аз деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Айнӣ боис он гардидааст, ки сокинон дар интиқол ва гирифтани маблағи нақд ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шаванд.

Сокини рустои Фатмеви ҳамин ноҳия Хушбахт Боев дар суҳбат ба хабарнигори вебгоҳи хабарии faraj.tj гуфт, дар деҳае, ки зиндагӣ мекунад ягон нуқта ё филиали хурди банкҳо амал намекунад.

— Деҳа аз маркази ноҳия дар масофаи 15 км дур ҷойгир аст. Қисме аз аҳолии деҳа дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, — гуфт ин ҳамсуҳбати мо. – Ҳангоме ки муҳоҷирон ба наздиконашон маблағ мефиристанд, онҳо маҷбур мешаванд, ки барои гирифтани маблағ то маркази ноҳия 15 км роҳро тай кунанд.

Хушбахт Боев таъкид намуд, ки омӯзгорони муассисаи деҳа ва нафақахӯрон низ дар вақти гирифтани моҳона ва нафақаи худ маҷбуранд, ба маркази ноҳия оянд.

Вай илова кард, ки падару модараш пиронсоланду худи ӯ дар шаҳри Душанбе кору фаъолият мекунад.

— Волидайнам маҷбуранд, ки бо вуҷуди пиронсолиашон ҳангоми гирифтани нафақаи худ ба маркази ноҳия оянд, — гуфт Хушбахт Боев. – Инро ба инобат гирифта, масъулин бояд ягон филиали хизматрасонии бонкиро дар деҳаи мо ба истифода диҳанд.

Айни замон дар маркази ноҳияи Айнӣ як қатор нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ амал мекунанд, вале дар аксари деҳаҳои дурдасти ноҳия онҳо филиали худро надоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here