Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии Нақибхон Туғрал дар тавозуни бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ буда, он  соли 2015 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо маблағи 5 милллион сомонӣ тармиму азнавсозӣ гардид.  Худи ҳамон сол 150-солагии Туғрал дар тамомои миқёси ҷумҳурӣ таҷлил шуд.

Маҷмааи фарҳангии  Нақибхон Тӯғрал аз мақбараи бо нақшу нигори миллӣ оро ёфта, аз боғу гулгашти сайругаштӣ, муҷассама ва хона-музейи шоир иборат буда, аз мавзеъҳои тамошобоб ва дидании ин ноҳияи дурдасти кишвар мебошад.

Имрӯз аз бунёди маҷмаа 5 сол сипарӣ шудаасту баъзе аз қисматҳои маҷмааи мазкур таъмирталаб гаштааст. Гунбаз ё сақфи мақбараи Туғрал, ранг ва намои аслии худро аз даст додааст. Ин чиз ба назар оддӣ менамояд, вале ин таъмирталабӣ  ҳам, метавонад ба ҳусну намои маҷмӯа костагӣ орад. Шояд аз таъсири борон, пастсифат будани масолеҳ, ё омили дигар сақфи маҷмаа ба ин ҳол расида бошад, вале масъулини боғ вазифадоранд, то онро таъмиру нигоҳубини дуруст намоянд, Зеро  ба гуфти сокинони маҳал, ҳамарӯза дӯстдорони каломи Туғрал аз гӯшаҳои мухталифи кишвар ба ин мавзеъ меоянду шояд бо дидани ҳолати таъмирталабии сақфи мақбара, онҳо ба худ таассуроти манфӣ гиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here