То солҳои наздик сокинони ноҳияи Айнӣ гумон мекарданд, ки дар минтақаи санглоху камоби кӯҳдоман,  бунёди боғ имкон  надорад. Бунёди боғи мевадиҳандаи “Орифиён” ин гумони онҳоро ботил сохт.

Хоҷагии деҳқонии “Орифиён” 1,2 километр дуртар аз деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ ҷойгир буда, ин шабӯ рӯз  деҳқонони боғ ба яхобмонии дарахтони мевадиҳанда машғуланд.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Орифиён” Ворис Қосимов дар сӯҳбат бо вебгоҳи Faraj.tj баён кард, ки яхобмонӣ дар фасли сармо барои дарахтон аз ҳар ҷиҳат фоидаовар аст.

— Он ҳашароти зараррасонро аз танаи навниҳолон ва дарахтони мевадиҳанда дур карда, барои дар мавсими муайяншуда гул кардани дарахтон, замина фароҳам меоварад, — иброз дошт Ворис Қосимов. — Меваҳо, хушсифату беолоиш мешаванд. Осори кирмзадагӣ дар онҳо боқӣ намемонад.

Боғи “Орифиён”-ро 15 сол муқаддам, баҳори соли 2005,  Ориф Қосимов дар минтақае, ки санглоху замини бекорхобидаеро мемонд, бунёд кардааст. Имрӯз сокинони маҳал ин ҷойро ба унвони “биҳишти заминӣ” ном мебаранд.

— Дар ин гӯшаи кӯҳ на дарахте буду на обе барои обиёрикунии замин. Ҳамроҳи падарам ва аҳли пайвандон аз масофаи 20 километр, тавассути қубурҳои политиленӣ об оварда, 12 ҳазор ниҳоли мевадиҳандаву сояафканро шинонидем. Ҳоло ҳамаи дарахтон боровар гардидаанд, — бо ифтихор иброз намуд Ориф Қосимов.

Ҳамасола, аз ин боғ миқдори зиёди меваҳои тару тоза ва зардолуи хушк ба бозор интиқол меёбад. Ба иттилои саҳмдори боғ Идрис Орифов ҳосили асоии боғ зардолуи хушк мебошад.

— Иқлими муътадили ноҳияи Айнӣ барои парвариши зардолу мусоид буда, дар мавсими ҳосилғундорӣ, аз ин навъи мева 5 тонна ба бозори пойтахт интиқол медиҳем, — гуфт Идрис Орифов. – Себи навъи хубонӣ ва олучаву нок низ меваҳои содиротии  хоҷагии деҳқонии “Орифиён” мебошанд.

Ориф Қосимов азм дорад, ки дар ин боғ коргоҳи чӯбу тахта ва фермаи молпарварӣ бунё карда, дар ташкили ҷойи кор, барои сокинон саҳм гузорад.

— Барои сохтани ин коргоҳ моро зарур аст, ки аввал  роҳи 1 километраи нақлиётгардро ба ин ҷой орем. Вале овардани роҳи мошингард  бе кӯмаки молиявии соҳибкорону Ҳукумати кишвар имконнопазир аст. Дар ин масъала мо ба дасгирии молиявии шахсони алоҳида ниёз дорем, — иброз намуд роҳбари хоҷагии деҳқонии “Орифиён” Ворис Қосимов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here