Дар ноҳияи Ҷайҳун дар се моҳи соли равон 34 оила ақди никоҳ худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам аст.

Мудири сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷайҳун Ализода Майнисо  гуфт, ки сабаби коҳиш ёфтани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадӣ миёни аҳолӣ ва ба фарзандхонӣ гирифтани кӯдакон аз ҷониби оилаҳои бефарзанд аст.

— Дар ҳамин давра дар ноҳияи мазкур 379 оила барпо карда шудааст, илова кард ҳамсуҳбати мо.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ноҳияи Ҷайҳун ақди никоҳи 94 оила  бекор карда шуда буд.

Добавить комментарий