Аз 18  ҳазор кӯдаки ноҳияи Ҷайҳун, ки бояд ба кӯдакистон ҷалб шаванд, ҳамагӣ 250  нафар ба муассисаи томактабӣ  фаро гирифта шуда, боқӣ дар орзуи кӯдакистонанд.

Мудири шуъбаи моарифи ноҳияи мазкур Давлатзода Назирмат гуфт, ки айни замон дар Ҷайҳун 2 кӯдакистон фаъолият дорад, ки ба онҳо 250 кӯдак ҷалб шуданд ва фарогирии онҳо ба муассисаҳои томактабӣ як дарсадро ташкил медиҳад.

sdr

— Барои фарогирии бештари кӯдакон дар назди 21 муассисаи  таълимӣ маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 320 нафари дигар ҷалб шудаанд. Ин қонеъкунанда нест, мо кушиш дорем сол то сол фарогирии кӯдаконро ба муасссиаҳои томактабӣ зиёд кунем. Дар нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони се  кӯдакистони дигар ворид шудааст, ки алакай як боғчаи бачагонаи хусусӣ сохта шуда, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад, ва аз ин ҳисоб боз чанд кӯдаки дигар муассисаҳои томактабӣ ҷалб хоҳанд шуд, — илова кард Давлатзода Назирмат.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here