Ҳайати парламентии МН таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Қудратов имрӯз, 8-уми октябр, ба шаҳри Анталияи Туркия сафар карданд.

Ҳадаф аз ин сафарро котиботи МН «иштирок дар кори Конфронси сеюми раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё» унвон мекунад, ки бо даъвати раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия И. Қаҳрамон, раиси Думаи Давлатии Федератсияи Руссия В. Володин ва раиси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Ҷ. Сегюн сурат гирифтааст».

Тибқи иттило, сафари мазкур аз 8 то 12 октябр идома меёбад ва дар доираи Конфронси сеюми раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё Акрамшо Фелалиев бо баъзе аз сарони парламентҳои кишварҳои номбурда мулоқот карда, ҷойҳои таърихии ин кишвари афсонавиро тамошо менамояд. 

Ҳамчунин, Акрамшо Фелалиев дар рӯзи дуюми кори конференсия дар назди ҳозирин баромад хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар конференсияи мазкур намояндагони зиёда аз 40-парламентҳои кишвари калонтарини дунё иштирок менамоянд.

Добавить комментарий