Як гурӯҳ устодон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳҳои ховаршиносӣ, забонҳои ҷаҳон ва донишгоҳи исломии Тошканд барои омӯхтани забони форсӣ ба шаҳри Теҳрон омаданд. Ин гурӯҳ аз 16 нафар иборат аст.

Дарсҳои омӯзишӣ дар Маркази омӯзиши забонҳои форсӣ барои ғайри форсизабонони Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, воқеъ дар шаҳри Теҳрон, мегузарад. Гуфта мешавад, барои тадриси дарсҳои омӯзишии забони форсӣ, адабиёти муосири Эрон ва таъриху фарҳанг шахсиятҳои маъруф, адабиётшиносон, таърихнигорон ва аҳли адабу фарҳанг даъват карда шудаанд.

Дар барнома, ғайр аз омӯзиши забони форсӣ, боздид аз ҷойҳои таърихии шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон ва Кошони Эрон дар назар аст. Ҳамчунин, аъзои ин гурӯҳ бо расму ойинҳои мардуми як қатор минтақаҳои Эрон ошно хоҳанд шуд ва бо намояндагони илму фарҳанг ва адаби он мулоқот доир хоҳанд кард.

Мирасрор АҲРОРОВ, хабарнигори “Фараж”, шаҳри Теҳрон

Добавить комментарий