Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон мегӯяд, дар соли гузашта ягон нафар аз кормандони ин ниҳод даст ба коррупсия назадаанд ва ҳамчунин, миёни кормандон дузанагӣ ошкор нашудааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2019 аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 249 ҷиноят, соҳаи маориф ва илм 122, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 135, нақлиёт 17, кишоварзӣ 32, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 64, саноат ва технологияҳои нав 8, молия 7, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ 87, андоз 19, меъморӣ ва сохтмон 8, ШСХК “Барқи тоҷик” 32, соҳаи бонкӣ 273, субъектони хоҷагидори ғайридавлатӣ 359, соҳибкорони инфиродӣ 403 ва дигар идораю корхонаҳо 339 ҷиноятро ишкор кардааcт.

Директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода имрӯз, 11-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфт, дар соли гузашта 137 ҳолати вайронкунии талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба қайд гирифта шудааст, ки 10 ҳолати он аз ҷониби шахсони мансабдор содир гардидаанд.

Аммо масъулини Агентӣ бо сабаби дар даст надоштани маълумоти мушаххас ному насаби мансабдорони қонуншиканро расонаӣ накарданд.

Султонзода дар идома қайд кард, ки дар соли сипаришуда аз ҷониби мутахассисони самти назорати давлатии молиявиии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 1102 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида шудааст, ки 684,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаанд.

– Аз миқдори маблағҳои зикршуда 280 миллион сомонӣ ё 40,9 дарсадаш барқарор гардидааст, ки 72,6 миллионаш ба буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 207,3 миллионаш ба ташкилоту муасисаҳо рост меояд. Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар ин давра 2154 ҷинояти коррупсиониро ошкор кардаанд, ки 644 адади он ба гуруҳи ҷинояти вазнин шомил ҳастанд, – гуфт Султонзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here