Тибқи иттилои роҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон, ки дар ҷараёни нишасти матбуотии ниҳодаш баён дошт, соли 2019 хоҷагиҳои обтаъминкунии ноҳияи Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт, Восеъ, Хуросон ва Лахш натавонистанд сари вақт ҳаққи хизмати обрасониро пардохт кунанд.

– Дар ин давра аз ҷониби истифодабарандагони об ба маблағи 65,5 миллион сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст, вале масъалаи пардохти ҳаққи хизмат ҳанӯз ҳам аз мушкилоте мебошад, ки барои рушди соҳа, хусусан, таъмиру  барқарорсозии иншооти обёрикунанда таъсири манфӣ мерасонад, – гуфт Холмурод Раҳмон. – Дар соли 2019 ҳаҷми қарзи ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Лахш ва Хуросон, ки обтаъминкуниашон пурра тавассути чоҳҳои амудӣ ба роҳ монда мешавад, аз 5 то 20 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Холмурод Раҳмон дар идомаи нишаст афзуд, ки тибқи барномаи нави азхудкунии заминҳо дар назар аст, ки 2 ҳазор гектар заминҳои Панҷакент ва 5 ҳазор гектар заминҳои Деваштич обёрӣ хоҳанд шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here