Бинобар сабаби қатъ шудани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз рӯйи баъзе самтҳо, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз санаи 3 январи соли 2019 парвозҳои иловагиро аз рӯйи самти Душанбе — Москва (Домодедово) – Душанбе, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” иҷро мекард, оғоз кард. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти ҶДММ “Сомон Эйр” хабар доданд.

Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мегӯяд, ки ширкат ба ғайр аз хатсайрҳои пагоҳии ҳаррӯзаи худ ба фурудгоҳи Домодедово (вақти парвоз аз Душанбе — 8:00), ҳар рӯз бар илова хатсайрҳои бегоҳирӯзиро ба фурудгоҳи Домодедово (вақти парвоз- 20:00 ба вақти маҳаллӣ, вақти нишаст дар фурудгоҳи Домодедово — 22:25, вақти парвоз аз Домодедово — 00:10, вақти нишаст дар Душанбе — 06:10 ба вақти маҳаллӣ) иҷро хоҳад кард. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва -900 иҷро мегарданд.

Гуфта мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин хатсайрҳои дигарро, ки ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”- аз Душанбе ба Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Сургут ва Самара, аз Хуҷанд ба Москва, Санкт-Петербург, Сургут, Новосибирск ва Екатеринбург, аз Кӯлоб ба Москва, инчунин аз Бохтар ба Москва, Новосибирск ва Екатеринбург иҷро мекард, амалӣ созад.

Илова бар ин, гуфтан ба маврид аст, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро ҳафтае се маротиба ба фурудгоҳи Жуковский — рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва шанбе иҷро мекунад. Вақти парвоз аз Душанбе — 14:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқис-тон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-300, Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.

Добавить комментарий