Бори аввал баъд аз гузашти 20 сол дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Дар ҳайати расмии Тоҷикистон 44 нафар ҳунармандони тоҷик ба Тошканд сафар мекунанд.

Ба ҳайати ширкаткунандагони Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон сарояндаҳо Дамирбек Олимов, Дилноза Каримова, Фотима Машрабова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, операхон Шарофат Усмонова, сарояндаи ҷавон Амрҷон Рӯзиев, гурӯҳи рақсии «Зебо», ҳамчунин ҳунармандони халқии кишвар Афзалшоҳ Шодиев, Саидқул Билолов ва Далатманд Холов шомиланд.

Маросими расмии оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 10-уми октябр дар Театри давлатии академии Навоӣ дар Тошканд баргузор мешавад. 

Добавить комментарий