Масъулини маркази фарҳангии “Бохтар” (“Бактрия”) дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон аз баргузории ҳафтаи забони фаронсавӣ ва франкофония дар Душанбе хабар доданд.

Чорабиниҳо дар доираи ҳафтаи мазкур бо дастгирии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, аз 8-ум то 14-уми апрели соли равон идома хоҳанд кард.

Ба гуфтаи масъулин, ҳафтаи франкофония дар Душанбе аз соли 2003-юм инҷониб, пас аз таъсиси маркази фарҳангии “Бохтар” (соли 2002), қайд карда мешавад ва дар ин давра чорабиниҳои гуногун таҳия ва ташкил карда мешаванд.

Роҳбари маркази фарҳангии “Бохтар” Амал Хонум Гаҷиева имрӯз, 2-юми апрел, гуфт, сатҳу сифати чорабиниҳо дар ин доира сол то сол беҳтар шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон бо санъати ҳунармандони фаронсавӣ бештар ошно мегарданд.

— Имсол яке аз коргардонҳои фаронсавӣ ба Душанбе даъват карда мешавад, ки дар таҳия ва намоиши спектакл ба донишҷӯёни омӯзандаи забони фаронсавӣ кӯмак мерасонад, — гуфт Гаҷиева.

Франкофония чун ҷашни байналмилалӣ соли 1995 аз ҷониби вазири вақти фарҳанг ва муоширати Фаронса эълон гардидааст, ки  ҳамасола 20-уми март қайд карда мешавад. Тӯли як ҳафтаи баъди ин сана дар тамоми қаламрави Фаронса, кишварҳои фаронсавизабон ва дӯстдорони забон чорабиниҳои гуногун доир карда мешаванд.

Чорабиниҳои имсолаи ҳафтаи франкофония дар Душанбе дар маркази фарҳангии “Бохтар”, Консерваторияи миллии ба номи Талабхӯҷа Сатторов, маркази варзишии “Истиқлол”, театрҳои Лоҳутӣ ва “Лухтак” баргузор хоҳанд шуд.

Масъулин ҳадафи ҳафтаи мазкурро табодули фарҳангӣ, маълумот, наздикшавӣ ва ғанигардонии фарҳанги тоҷику фаронсавӣ унвон карданд.

Гуфта шуд, чун солҳои қаблӣ ин чорабинӣ бо спектаклу конкурсҳо, намоиши филмҳои кишварҳои фаронсавизабон ва консертҳо рангоранг карда шуда, даромади хоҳишмандон ба маконҳои баргузорӣ ройгон сурат мегирад.

Добавить комментарий