Дар бархӯрд бо ҷангҷӯёни ҷунбиши терористии “Толибон” дар вилояти Лағмон воқеъ дар шарқи Афғонистон ҳадди аққал 22 сарбоз кушта ва 6 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бора ОИР Новости бо истинод ба канали Tolo News ва намояндаи шӯрои вилоят Гулзар Ниёзӣ хабар дод.

Тибқи иттилои намояндаи ин шӯро, бархӯрд шаби душанбе рух додааст. Толибон ба як гузаргоҳи низомӣ дар минтақаи Алаш ҳамла кардаанд, ва ҳангоми ҳамла даҳҳо мошини низомиро несту нобуд кардаанд. Ниёзӣ ҳамчунин гуфтааст, ки нӯҳ нерӯи амниятиро Толибон забт кардаанд.

Ҳамзамон Вазорати дифои Афғонистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамла шаш сарбоз кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Вазорат инчунин гуфтааст, ки низомиён тавонистаанд ҳамлаи Толибонро, ки “талафоти вазнин” дошт, боздоранд.

Дар Афғонистон бархӯрди байни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни ҷунбиши террористии Толибон, ки қаблан қаламрави деҳот дар ҳудуди кишварро забт кардаву ҳамла ба шаҳрҳои бузургро оғоз кардааст, идома дорад. Инчунин, дар ин кишвар нуфузи гурӯҳи террористии ДИИШ афзоиш ёфтааст. Нерӯҳои миллии дифоъ ва амнияти Афғонистон дар саросари кишвар амалиёти муштараки зиддитеррористӣ анҷом медодаанд.

Добавить комментарий