3-юми январи соли равон муассисаи давлатии нашриёти “Адиб” китобхонаи тозатаъсиси худро ифтитоҳ кард. Дар ин китобхона зиёда аз 3 ҳазор китоб маҳфуз буда, барои хониши истифодабарандагон 34 ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Муовини директори нашриёти “Адиб” Рустам Тоҳиров ҳадафи таъсиси китобхонаро барои дар амал татбиқ намудани супориши Президент ьарои ҷалби мардум ба китобхонӣ донист.

– Президенти мамлакат зимни ироаи паёми худ, хондани на кам аз панҷ китоби бадеиро барои кормандони сохторҳои давлатӣ ҳатмӣ донистанд. Нашриёти “Адиб” тасмим гирифт, ки барои таъмини мардум бо ғизои маънавӣ китобхонаи нави худро таъсис диҳад, – баён дошт, Рустам Тоҳиров. – Китобхона омода аст ҳамарӯза дар вақти муайяншуда, ба хонандагон китобҳои бадеии тозанашри худро пешкаш кунад.

Таъсиси китобхонаи нашриёти “Адиб” дар ҳолест, ки баъзе аз адибон аз камтаваҷҷӯҳии хонандагон ба китобу китобхонаҳо шиква мекунанд.

Мудири шуъбаи адабиёти калонсолони нашриёти “Адиб” адиб Сафар Амирхон бар он назар аст, ки хонандаи имрӯзаи тоҷик ба китоб камтаваҷҷӯҳ набуда, балки дастраскунии он барояш душвор гардидааст.

– Хонандаи имрӯз ба китоб камтаваҷҷуҳ нест, фақат имкони дастраскунии он дар шакли харидро  надорад. Дар гузашта Тоҷикматбуот фаъол буд ва дар самти бо китоб таъмин кардани мардум замина фароҳам меовард. Дар назди раставу бозорҳо дар баробари хӯрокворӣ дӯкони фурӯши китобҳои тозанашро ташкил мекард. Арзиши китобҳоро ба танзим меовард. Имрӯз, мутаассифона, ҷойи “Тоҷикматбуот”-ро тоҷирон гирифтаанду китобро агар бо арзиши 15 сомонӣ аз нашриёт гиранд, онро бо қиммати 30-35 сомонӣ пешниҳоди мардум мекунанд. Хонанда бо ин қиммат имкони харидани китобро надорад. Аз ин сабаб “Тоҷикматлубот”  фаъолияти қаблиашро бояд, ки ба роҳ монад, – таъкид кард Сафар Амихон.

– Дар ин росто нашриёти “Адиб” давоми соли сипаригардидаи 2019, бевосита ба  шаҳру ноҳияҳо сафар карда, китобҳоро бо нархи арзону дастрас, пешниҳоди аҳолӣ кард, – гуфт ӯ.

Сафар Амирхон миқдори китобҳои бадеии адибонро, ки дар соли 2019 дар шуъбаи адабиёти калонсолони нашриёти “Адиб”нашр гардидааст, бист адад гуфт.

Мудири шуъбаи насри бачагонаи Иттифоқи нависандагон Азизи Азиз, дар ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз кам таълифу рӯйи чоп омадани осори адибон изҳори нигаронӣ карда буд.

– Озмун нишон дод, ки китоб  кам нашр мекунем.  Барои бачаҳо ҳар сол бояд 200 китоби бадеии хуб чоп шавад, – баён дошта буд Азизи Азиз.

Имрӯзҳо чун гузашта дар фурӯшгоҳҳои пойтахт ва минтақаҳои дурдасти кишвар дар якҷоягӣ бо маҳсулоти аввалия, фурӯши китобҳои бадеӣ қариб ба роҳ монда нашудааст.  Дар ҳамин ҳол,  Тошмуродов Фарҳод, фурӯшандаи мағозаи китобҳои нашриёти “Адиб”, ҳангоми суҳбат иброз намуд, ки китобҳои  мағозаи “Адиб” бо арзиши аслиашон бидуни изофапулӣ пешниҳоди хонанда гардонида мешаванд.

– Хонандаҳо ба таври ихтиёрӣ, барои китобхонаҳои маркази вилояту ноҳияҳои худ аз ин ҷой китоб харида, ба дурдасттарин нуқтаҳои кишвар мебаранд ва ба навъе иртиботи байни нашриёту мардумро ба танзим медароранд, – баён дошт Фарҳод Тошмуродов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here