Имрӯз  муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари ҳаӣати намояндагони музофоти Шэньсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини раиси Маҷлиси Халқии   намояндагони  музофоти Шэньси  Лян Хун Сян мулоқот кард.

Зимни суҳбат Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки “барои мо мояи ифтихори бузург аст, ки парлумони мамлакатамон бо бештари парламентҳои кишварҳои мутаррақии ҷаҳон, аз ҷумла Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Чин ҳамкорӣ ва муносиботи хуб дорад. Бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламенти Хитой таъсис дода шудааст”.

— Мардум ва миллати тоҷик, — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ ба мавқеи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати эътирофи кишвари мо ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол баҳои баланд медиҳад. Хитой ягона кишвари абарқудрат буд, ки аз аввалинҳо шуда, истиқолоияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва барои барқарории алоқаҳои дипломатии дуҷониба бо ҷумҳурии мо изҳори омодагӣ кард.

«Бо таваҷҷуҳ ба иқтидори бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва соҳиби таҷрибаи ғании азнавсозии кишвар, қабл аз ҳама вобаста ба гузариш ба муносиботи бозорӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзишмандеро ишғол менамояд», — гуфт муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон ва афзуд, ки анҷоми боздидҳои бесобиқаи расмӣ ва дӯстонаи сарони ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардум ва миллати ин кишварҳо тақдирсоз буда, асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимод ва мавқеъҳои муштаракро дар бар мегиранд, нишонаи мавҷуд будани ҳамкориҳои дӯстона ва дорои сатҳи баланд мебошад.

Абдуҷаббор Азизӣ ҳамчунин алоқамандии Маҷлиси намояндагонро ҷиҳати тақвияти равобит бо парлумони Ҷумҳурии Халқии Хитой иброз дошта, ҳамзамон таъкид намуд, ки парламенти Тоҷикистон ҳанӯз ҷавон аст ва ниёз ба омӯзиши таҷрибаи парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитойро дорад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки вохӯрии имрӯза барои таҳкими муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳамаи соҳаҳо заминаи тозаеро фароҳам хоҳад овард.

Роҳбари ҳаӣати намояндагони музофоти Шэньсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини раиси Маҷлиси Халқии намояндагони  музофоти Шэньси  Лян Хун Сян низ аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар заминаи иқтисодиву фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин кишвар ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфиятҳо барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд.

Добавить комментарий