Ректори ин донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ Обидҷон Ҳафизович Ҳамидов зимни суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Фараж” гуфт, ки аз кушодашавии ин гурӯҳ хеле хурсанд аст. Ба гуфтаи ӯ афзоиши гурӯҳҳои тоҷикӣ дар донишгоҳҳои кишварамон бешубҳа, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президент Шавкат Мирзиёев мебошад.

Ректори донишгоҳи Бухоро тазаккур дод, ки ҷавонони тоҷик новобаста аз он ки мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ё коллеҷу литсейҳоро дар куҷо ва ба кадом забон хатм кардаанд, барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар гурӯҳи тоҷикӣ ҳақ доранд. Ба таъкиди Обидҷон Ҳамидов ба ин гурӯҳ 25 нафар ҷавононе  қабул карда мешаванд, ки нисбат ба ҳамтоёни дигари худ холҳои бештарро ба даст меоваранд.

-Панҷ нафари онҳо бар асоси грантҳои давлатӣ ва бист нафари боқимонда бар асоси шартномавӣ машғули таҳсил хоҳанд шуд,-изҳор кард Обидҷон Ҳамидов.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки ба ҷавонон дар супоридани имтиҳонҳои қабул ягон имтиёзи иловагӣ дода намешавад ва онҳо бояд имтиҳонҳои дохилшавиро шаффоф ва ҳуққу ҳалол супоранд.

-Ҷавононе, ки ҳуҷҷатҳои худро ба гурӯҳи тоҷикии факултети филология супурдаанд, бояд дониши хуб дошта бошанд. Ҳамчунин забони модариашонро нағз донанд, аз шоирони адабиёти классикиву муосири тоҷик, таърихи кишвар огаҳ бошанд ва аз ягон забони хориҷии дилхоҳ холҳои лозимиро ба даст оварда тавонанд,-иброз дошт ректори донишгоҳи Бухоро.

Ба сӯҳбати мову ректор Олимҷон Раҳимов-котиби масъули комиссияи қабули донишгоҳи мазкур пайваст. Вай тавзеҳ дод, ки роҷеъ ба имтиҳонҳои қабул низоми хос таҳия шудааст ва даъвогарон имтиҳонҳои дохилшавиро тибқи ҳамин низом месупоранд. Маълум шуд, ки дар ин донишгоҳ 11 факулта фаъолият мекунад ва дар 48 равия кадрҳои бакалавриат парвариш меёбанд.

Ба гуфтаи Олимҷон Раҳимов барои соли таҳсили 2019-2020 донишгоҳи онҳо 2720 нафар донишҷӯ қабул мекунад. 615 нафари онҳо тибқи грантҳои давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Қисмати боқимонда аз тариқи супурдани пули шартномаи давлатӣ машғул ба таҳсил хоҳанд шуд. Вай таъкид кард, ки донишгоҳи онҳо омода аст аз кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон низ ба теъдоди зиёд донишҷӯ қабул кунад ва .

-Солҳои пеш дар мо гурӯҳи тоҷикии факултети филология фаъолият мекард. Аммо ба сабабҳои гуногун он фаъолият бозмонд. Акнун ин анъана аз сар гирифта шуд ва барои ҷавонони тоҷиктабор имконияти бештар фароҳам оварда шуд. Ҳоло беш аз сад нафар ба гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи донишгоҳи мо ҳуҷҷат супурдаанд,-гуфт Олимҷон Раҳимов.

Дар айни ҳол абитуриентони ин гурӯҳ омодагӣ мегиранд, ки дар радифи ҳамтоёни худ имтиҳонҳои дохилшавиро супурда, мақоми донишҷӯро ба даст оваранд. Интизор меравад, ки аз тариқи қабули шартномавӣ теъдоди донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Бухоро то 50 нафар афзоиш ёбад.

 

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири махсуси “Фараж”, шаҳри Бухоро

Добавить комментарий