Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик 8-умин Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  баргузор мегардад. Ин фестивал имрӯз, 16-уми ноябр, соати 18:00, дар театри ба номи Лоҳутӣ ифтитоҳ меёбад.

Дар  Кинофестивали байналмилалии «Дидор» зиёда аз 20 филми тоҷикӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ки аз ин шумора 9 филм пурра ва 12 филм  кӯтоҳметраж  мебошанд.

Дар кинофестивали мазкур инчунин, филмҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Ӯзбекистон  ба намоиш гузошта мешаванд. Бояд гуфт, ки дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  тӯли 5  рӯз беш  аз 60 филми гуногунҳаҷм ба намоиш гузошта мешаванд.

Инчунин дар доираи кинофестивал «Барномаи ҳамсояҳо» доир шуда, филмҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намоиш дода мешаванд.

Дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Дидор» намоиши филмҳо ҳамарӯза   аз соати 10:00 то 20:00 бо баргузории 5 намоиш пешниҳод  мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here