Дирӯз  дастаи  мунтахаби наврасони футболбози то 16-солаи дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 бо дастаи мунтахаби Шри-Ланка бозӣ кард ва бо натиҷаи 8:0 пирӯз шуд.

Голҳоро Абдулфаттоҳ Худойдодзода (чор гол), Муҳаммадворис Саидалиев, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев ва Фахриддин Аҳтамов (як голӣ) ба ҳадаф расониданд.

18-уми  сентябр  шогирдони Аҳлиддин Турдиев  бозии навбатии худро муқобили дастаи мунтахаби наврасони  Кувайт баргузор мекунанд. Оғози вохӯрӣ соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст. Дар айни ҳол футболбозони навраси тоҷик бо се хол ҷадвали гурӯҳи «А» якум ҳастанд.

Гурӯҳи «А»

Бозии 1-ум

14 сентябр (шанбе)

Непал – Урдун – 0:7

Кувайт – Шри-Ланка – 2:0

Бозии 2-юм

16 сентябр (душанбе)

Шри-Ланка – Тоҷикистон  – 0:8

Добавить комментарий