Дар ноҳияи Восеь соли 2018 ва се моҳи соли 2019-ум 65 иншоот бо сабаби ба ҳолати санитарию эпидемиологӣ ҷавабгу набудан муваққатан баста шуданд.

Директори Маркази назорати давлатии санитирию эпидемиологии ноҳияи Восеъ Сафарзода Абдулқодир гуфт, ки дар се моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони марказ дар дӯкону мағоза ва дигар иншоотҳо 213 санҷиш гузаронида, ду кошонаи ҳусн, ду саратарошхона ва 1 ошхона мувақатан то ислоҳи камбудиҳояшон баста шуданд.

Гуфта шуд, зимни гузарониди ин санҷишҳо 76 нафар ба маблағи беш аз 6 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуда, 559 кг маҳсулоти пасифату қалбакӣ ва муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд.

Манбаъ хабар дод, ки соли гузашта 1366 санҷиш гузаронида шуда, 60 иншоот мувақат фаьолияташон манъ шуда буд. 172 нафар ба маблағи 11500 сомонӣ ҷарима ва 2 тонаву 227 кг  маводи пасифат, ки маблағи он зиёда аз 39 ҳазор сомониро ташкил медод, аз муомилот гирифта шуданд, илова кард ҳамсуҳбати мо.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here