Муовини директори  ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Азиз Маҳмад дар нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки соли 2019 шумораи умумии кормандон 525 нафарро ташкил медод.

– 20-уми январи соли 2020 бо сабаби ҳашт моҳ парвоз накардан, мо аз кормандон 11,1 миллион сомонӣ қарздор шудем. Бинобар ин, ширкат тасмим гирифт 150 кормандони худро ихтисор кунад, – гуфт Азиз Маҳмад. – Айни ҳол шумораи умумии кормандон 279 нафар мебошад.

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром дар робита ба ин масъала таъкид кард, ки дар ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр”, аз соли 2018 то имрӯз шумораи ҳавонавардон тағйир наёфтааст.

– Имрӯз шумораи сарнишинҳои ин ду ширкат 115 нафар мебошанд. Соли 2019-ум 8 ҳавонавард аз хориҷи кишвар ба кор баргардонида шуданд, – гуфт Субҳонзода Икром.

Дар мавриди интиқоли 58 донишҷӯйи тоҷик аз Вухан ба кишвар Субҳонзода Икром афзуд, ки дар ин самт ду рӯз боз гуфтушунидҳои Агентии авиатсия бо ширкати “Сомон Эйр” ҷараён дорад. Дар назар аст, ки ё тавассути ҳавопаймои ширкати “Чайна Саузен Эйр”-и Чин, ё ширкатҳои ватании “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” донишҷӯён ба ватан оварда мешаванд.

Шаҳноз Ализода

Фараж

Добавить комментарий