Соли таҳсили 2017-2018 аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 385 донишҷӯ аз ҳуқуқи  таҳсил маҳрум шуданд.

Бино ба иттилои сардори раёсати таълими донишгоҳи мазкур Баҳрулло Файзализода сабаби ихроҷи 385 донишҷӯ аз сафи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба Носири Хусрав, нагузаштан аз имтиҳонҳо, насупоридани маблағи шартномаи таҳсил, давомоти нокифоя  ва бо нақлиёти шахсӣ ба дарс омадан будааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ихроҷи донишҷӯён нисбати соли таҳсили 2016-2017 хеле зиёд мебошад, зеро дар ин солҳо шумораи донишҷӯёни хориҷшуда 233 нафарро ташкил медод.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Добавить комментарий