Рӯзи истироҳат аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, ки дар натиҷаи 2 садамаи нохуши нақлиётӣ 3 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

27-уми августи соли 2017, тахминан соати 01:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан” Ҷӯрақулов Акмал Пардабекович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Данғара, дар шоҳроҳи Ваҳдат-Норак-Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда, Ҷӯрақулов А. ва мусофири дохили автомашина шаҳрванд Абдуллоев Сафархон Нуруллоевич соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамин рӯз, тахминан соати 20:50, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Табаров Исмоил Ҳайдарович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Борбад ба самти кӯчаи Деҳотӣ-Ҷомии пойтахт дар ҳудуди кӯчаи Борбад аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Сатторов Аслиддин Носиралиевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ пиёдагард, Сатторов А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here