Дар 3- моҳи соли 2019 варзишгарони вилояти Хатлон дар 17 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, 62 медали тилло, 57 медали нуқра ва 85 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Аз Раёсати кор бо  ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар маҷмуъ варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори  204 медал гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 26 медал зиёд мебошад.

Чанде пеш Сардори Райёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдулоева иттилоъ дода буд, ки  соли гузашта ҷавонони вилоят дар 582 мусобиқаи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштрок карда, сазоври  582 медали тилло, 564 медалли нуқра, 821 медали биринҷӣ гардидаанд, ки дар умум онҳо сазовори 1967 медал шудаанд ва ин рақам нисбати соли 2017-ум 105 медал зиёд аст.

Добавить комментарий