Таэквондочиёни кишвар дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ – Namangon Open сазовори 17 медал – 4 тилло, 4 нуқра, 9 биринҷӣ – гардиданд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии кишвар.

Мусобиқа 11-13 июн дар маҷмааи варзишии “Паҳлавон”-и шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон аз рӯи чор дараҷаи синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон – бо иштироки 1650 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд.

Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати 82 варзишгар, 16 мураббӣ ва 3 довар ба мусобиқаи мазкур сафарбар гардида, ба гирифтани 17 медал даст ёфтанд. Дар ин мусобиқа аз ҷумҳурии мо доварони сатҳи байналмилалӣ Вафоназар Аланазаров, Ошӯр Ошӯрмуҳаммадов ва довари дараҷаи миллӣ Даврон Нарзуллоев рақобатҳоро ҳакамӣ карданд.

Дастоварди варзишгарон дар мусобиқаи байналмилалии таэквондои ҷаҳонӣ — Namangon Open-2019:

Калонсолон

Тилло: Шоҳрух Баротов (вазни 58кг)

Тилло: Муҳаммадҷон Суннатов (63кг)

Нуқра: Худойбердӣ Паҳлавонов (54кг)

Нуқра: Амрихудо Назаров (54кг)

Биринҷӣ: Биноӣ Раҳимов (58кг)

Биринҷӣ: Мӯниса Исматова (57кг)

Ҷавонон

Тилло: Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (73кг)

Нуқра: Лутфулло Алишон (68кг)

Биринҷӣ: Шараф Қодиров (59кг)

Биринҷӣ: Ширинмоҳ Миршакарзода (52кг)

Биринҷӣ: Маҳина Сафарова (55кг)

Биринҷӣ: Меҳрубон Сафарова (67кг)

Наврасон

Тилло: Нозия Тӯймуродзода (37кг)

Нуқра: Самираи Шамсулло (23кг)

Биринҷӣ: Хосият Сафарова (29кг)

Биринҷӣ: Мадинаи Маҳмудшоҳ (47кг)

Биринҷӣ: Муҳаммадзиё Каримов (58кг)

Добавить комментарий