Фардо, панҷшанбеи чордаҳуми май, тамоми аҳолии курраи замин новобаста ба мансубияти динияшон, аз рӯйи таомули мазҳабии худ даст ба дуо  мебардоранд, то аҳолии сайёра аз коронавирус наҷот ёбанд.

Ин тасмимро Комиссияи олии “Бародарони исломӣ”, ки пойгоҳи он дар Аморати Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, баровада, аз мардуми ҷаҳон хостааст, ки 14-уми май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки коронавирусро бартараф созад, инсониятро аз ранҷу азобҳои имрӯза наҷот диҳад ва ба олимон кӯмак ва дунёро аз оқибатҳои тиббиву иқтисодии коронавирус наҷот диҳад.

Раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуллозода ба Оҷонсии “Ховар” гуфтааст, ки ин иқдоми пешгирифтаи Комиссияи олии “Бародарони исломӣ” хеле хуб аст ва онро пурра дастгирӣ намуда, ҳама ходимони динро аз ин огоҳ мекунад ва дар вақти муайян ин корро ба хотири Парвардигор анҷом медиҳанд.

Добавить комментарий