Маросими расмии оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 10-уми октябр дар Театри давлатии академии Навоӣ дар Тошканд баргузор мешавад.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон то 14-уми октябр идома меёбад. Ин навбат ҳунармандони тоҷик танҳо дар саҳнаҳои Тошканд баромад хоҳанд кард. Ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик дар дигар минтақаҳои Ӯзбекистон ба нақша гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, ки алҳол шумораи иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар баррасии масъулин қарор дорад. Бори охир Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон соли 1997 баргузор шуда буд.  

Добавить комментарий