Тибқи фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон 1-уми марти соли 2020 дар кишвар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор мегардад.

Ин фармон субҳи имрӯз ба имзо расид, ки «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ном дорад.

Дар он гуфта мешавад, ки мутобиқи моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 таъйин карда шавад.

Дар фармон омадааст, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 1-уми марти соли 2020 гузаронида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here