.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Ноҳияи Шаҳритӯc соли 1930 ташкил шудааст. Масоҳати ноҳия 1500 км. квадратӣ буда, ба 1-уми январи соли 2018 дар ноҳия 123,8 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар 1 км кв. 82,5 нафар мебошад. Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорат дар тобистон то +48 С 0 дараҷа гарм ва дар зимистон -10 С 0 дараҷа хунук мешавад.

Ноҳияи Шаҳритӯc бо ноҳияи Қубодиёну Носири Хисрав ҳамсоя ва дар ҷанубу ғарб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад.

Ин ноҳия 29 августи соли 1930 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта ва 7 январи соли 1944 бахше аз вилояти Қӯрғонтеппа шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Шаҳритӯс аст, ки дар канори рӯди Кофарниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ ҷойгир шудааст. 

Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 182 км, то шаҳри Бохтар 112 км аст.

Дар ноҳия 5 ҷамоати деҳот, 1 ҷамоати  шаҳрак (ҷамоати шаҳраки Шаҳритӯс ва ҷамоати деҳоти Обшорон, Пахтаобод, Талбак Садриддинов, Худойназар Холматов ва Ҷӯра Назаров), 9 корхонаи саноатӣ, аз он ҷумла 4 корхонаи хурди саноатӣ, 1 ташкилоти сохтмонӣ, 2 муассисаи нақлиётӣ, ҷамъияти «Матлубот», корхонаи коммуналӣ ва 2114 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) фаъолият менамояд.

Дар ноҳияи Шаҳритӯс 26517 нафар хонанда дар 54 мактаби маълумоти умумӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1610 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. 

Хизматрасонии тиббиро дар ноҳия 132 нафар табибон ва 450 нафар мутахассисони миёнаи тиббӣ ба уҳда доранд. Дар ноҳия муолиҷахонаҳои тиббӣ 6 адад, ва шумораи доягон 110 нафар буда, шумораи катҳои беморхонаҳо 450 адад мебошад. Ба аҳолӣ дар ноҳия 34 адад бунгоҳхои тиббӣ ва дар деҳот 10 адад ва 12 адад муассисаҳои ёрии аввалияи тиббии санитарӣ фаъолият менамоянд.

Муассисаҳои маданӣ-маърифатии шуъбаи фарҳангии ноҳия хизмат  мерасонад, аз он ҷумла: 1 қасри фарҳанг, 13 китобхона, фонди умумии китобхонаҳо - 86043 нусха, муассисаи фарҳангӣ-13, 1 мактаби мусиқӣ, 5 адад клубҳо. 

Дар ноҳия 8172 нафар нафақагирон зиндагӣ менамоянд.

Аз соли 2017 Оймаҳмадзода Рамазон Алихон ба ҳайси раиси ноҳияи Шаҳритӯс кор мекунад.

 

Шаҳритӯс дар аҳди қадим

Ниёгони маҳал дар дараи рӯди Кофарниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст. Дар сарзамини Шаҳритӯс осори бисёре аз гаҳи бостон ва садаҳои миёна бозмонда аст. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин ёдгориҳои Хоҷа Машҳад (асрҳои XI-XII), Мақбараи Хоҷа Дурбод (асрҳои XI- XII), ёдгории таърихӣ - табии Чилучорчашма ва Тиллоҳалоҷӣ аст. Сарзамини кунунии ноҳияи Шаҳритӯс дар садаҳои миёна бахше аз Қубодиён ва вилояти торихии Хутталон буд. Пас аз инқилоби Бухоро (соли 1920) ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 Шаҳритӯс бахше аз вилояти Сталинобод ва дертар вилояти Қӯрғонтеппа гардид.

 

Номгузории Шаҳритӯс

Бино бар ривояте, Шаҳритӯсро паҳлавони ҳамосӣ ва бостонӣ Тӯс писари Нӯзар бунёд гузошта аст.

 

Хоҷа Машҳад нишонае аз ниёгони тамаддунофари тоҷикон

Асрҳои 9-10 даврони тиллоии тамаддуну фарҳанги миллати мо ба ҳисоб меравад. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз ба шарофати сулолаи Сомониён бахусус бо роҳбарии марди ботадбиру шуҷоатпешаю бохирад Шоҳ Исмоили Сомонӣ давлати паҳновару муқтадири тоҷикон арзи ҳастӣ намуда, баробари инкишофи иқтисодиёту ривоҷи савдо бо мамолики хориҷӣ барои илму фарҳанги тоҷик низ заминаи мусоид муҳайё гардид.

Дар он айём мадрасаҳо аз бузургтарин макони илм ба ҳисоб рафта, барои табияву таълим ва ба ҳадди камолот расонидани гузаштагони мо мусоидат менамуданд. Тибқи нишондоди китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарчашмаҳои дигари таърихӣ меъморону бинокорони асрҳои 9-11 санъати меъмории суғдиҳо ва бохтариҳоро бо санъати меъмории марказҳои хилофат омезиш дода, биноҳои бошукуҳ месохтанд. Ба шаҳодати муаррих Наршахӣ нахустин мадраса дар Бухоро пайдо шуда, дар солҳои 937-938 аз сӯхтор нобуд шудааст. Дар аҳди Сомониён дар Самарқанд 17 мадраса амал мекардааст.

Мадрасаҳо дар асрҳои 9-10 ва қарнҳои минбаъда маркази воқеию асосии таълим ба ҳисоб рафта, баробари таълими илмҳои динӣ, мантиқ, калом, баён, забони арабӣ, таърих, илми тиб, ҳикмат, риёзиёт (математика), ситорашиносӣ табииёту фалсафа ҳам омӯзонида мешуданд.

Аз мутолиаи маъхазҳои мавҷуда бармеояд, ки мадрасаю ёдгориҳои меъморӣ дар шаҳракҳои музофот низ сохтаю мавриди истифода қарор дода мешуданд. Дар сохтмони ин гуна биноҳо ҳунармандону деҳқонон бе музд маҷбурӣ кор фармуда мешуданд. Чунончи, дар вилояти Хутталиён, ки марказаш Ҳулбук буд, 20 мадраса мавҷуд будааст. Тибқи маълумоти ЭСТ (ҷ.4) ва ЭАСТ (ҷ.2) алҳол ёдгориҳои меъмории асрҳои 11-12 бештар дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзодаву Исфара, Шаҳритӯcу Ашт мавҷуд буда, ҳифзу нигоҳдории онҳоро Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Онҳо ёдгории зиндаю нишони гӯёи халқи фарҳангофару тамаддунсози тоҷиканд.

Мадрасаи Хоҷа Машҳад ва сайри таърихии он

Хоҷа Машҳад аз ниёгон ёдгори ҷовидон,

Шуҳрату шон, номи неку обрӯйи тоҷикон.

«Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад».- нигоштааст шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруфи рус Алесандр Маркович Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном матлабаш. Дар воқеъ чун ба мадрасаи Хоҷа Машҳад аз наздик ошноӣ пайдо мекунед, аз ҳунари волои ниёгони гулдасту мумтозамон дар дил эҳсоси ифтихор  менамоед. Бино ба қайду таъкиди муҳаққиқон доир ба ин ёдгории беназири таърихӣ то асри 19 ягон маъхази хаттӣ пайдо нашудааст.

Нахустин маротиба соли 1894 узви Ситод ё худ Штаби генералии Русияи подшоҳӣ, афсари рус Лиментак дар ёддоштҳо ё худ ҳисоботи иктишофиаш нисбати бекигариҳои Бухоро қайд намудааст, ки дар деҳаи Сайёд ёдгории қадимии хуштарҳе мавҷуд аст, ки барои сокинони атрофаш ҳамчун оромгоҳ ва масҷид хизмат мекунад.

Ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад аз нимаи дуюми асри гузашта, аниқтараш аз он айёме, ки фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров ҳамчун роҳбари ҷумҳурӣ ба фаъолият шуруъ кард, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.  

 

Имрӯзу фардои мадрасаи Хоҷа Машҳад

Давлатмардони кишвар бо фарорасии сулҳу суббот дар кишвар аз сари нав ба соҳаи фарҳанг таваҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Нахуст  чорабиниҳои бузурги фарҳангию илмию адабиро ба нақша гирифта, барои баргузории онҳо дар қатори ҳамватанони соҳибном шахсиятҳои шинохтаю маъруф ва масъулони давлату созмонҳон бонуфузу ҳамсудро ҳам ҷалб карданд. Чунончи дар тантанаи ҷашни 1000-солагии шоир ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳайати вижае ширкат варзида, ҳамзамон аз ҷониби сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон барои таъмиру тармими мадрасаи Хоҷа Машҳад ба маблағи 5 ҳазор доллар маблағи грантӣ пешкаш гардид.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 2005 то соли 2009 дар асоси ду лоиҳа барои таъмиру ободонии мадрасаи Хоҷа Машҳад 116370 доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кардааст. Маблағи мазкур барои тоза кардани 5 км заҳбури обпарто ҷиҳати паст кардани обҳои зеризаминии атрофи мақбара, бо таҳпояи бетонӣ мустаҳкам кардани таҳкурсии мадраса, кӯчонидани қабрҳои баъдина аз масҷиди мадраса ба бинои шафати он , ҷалби устоҳо ва сохтани хумдонҳои хиштпазӣ, харидории маводи сӯхт, истеҳсоли хишти қадима, тармими пурраи мадраса бо он хиштҳо ва амсоли ин масраф шудааст. Сафири вақти ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июли соли 2010 зимни қабули ботантанаи ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад изҳор доштааст, ки минбаъд ҳам ҷиҳати тармиму эҳёи осори ниёгон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мадад мерасонад. 

Бешубҳа, ободу маъмур ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани чунин ёдгории фарҳангӣ имкон медиҳад, ки нафарони зиёд шуғли доимӣ пайдо карда, барои тарғибу муаррифии мероси нодири ниёгон саҳми боарзиш гузоранд. Илова ба ин амали мазкур ба рушди соҳаи саёҳат дар минтақа ва ҷумҳурӣ мусоидат намуда, буҷаи ноҳия ғанӣ гардида, бешак шароити зиндагию рӯзгори ҳамдиёрон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

 

Мақбараи Хоҷа Дурбод

Мақбараи Хоҷа Дурбод дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Дурбоди ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритӯс ҷойгир аст. Иморати он аз хишти пухта сохта шудааст. Асоси иморат мураббаъ буда, намоҳои на чандон баланди он бо усули тоқдартоқ ва нижвон зиннат ёфтааст. Ин тарзи ороиш (аз хиштҳои майдаи 22х22 сантиметрӣ чида шуда), намунаи нодир аст. Дар болои асос ҳашттарки се тарафаш даричадор устувор аст, ки хиштҳояш андармиён ба таври амудиву уфуқӣ чида шудаанд. Бандубасташ ғайриоддист. Бо вуҷуди аз берун мураббаъ будани асосаш девори дохили он ҳаштпаҳлуст ва ин шакл дар санъати меъмории Осиёи Миёна ҳамто надорад.

Дар девори дигар паҳлуҳо (ба ғайр аз он ки даромадгоҳ гузоштаанд) тоқчаҳои росткунҷаи на чандон чуқур ҷой дода шудаанд, ки заминашон бо ранги сурх гулпарто гардидааст.

Мақбараи Хоҷа Дурбод аз дигар ёдгориҳо ба шарафаҳои ғайриодии худ фарқ мекунад. Аз тарафи шимол пештоқи калоне гузоштанд, ки қисми зиёди наморо ишғол кардааст. Бурҷҳои он бо тоқчаҳои ороишӣ зиннат ёфтаанд. Як қисми гунбазаш хароб шудааст. Мақбараи Хоҷа Дурбод хеле зебост.

Истифодаи усулҳои меъмории ғайриоддӣ, ки хусусиятҳои хоси санъати бинокории маҳаллиро инъикос кардааст, қимати таърихиву бадеии онро зиёд намудааст.

 

Мақбараи Хоҷа Сарбоз

Мақбараи Хоҷа Сарбоз ёдгории меъмории асрҳои 11-12 деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритӯс ҷойгир аст. Ба типи мақбараҳои мутамарказ мансуб аст. Асоси Мақбараи Хоҷа Сарбоз мураккаб буда, пойдевораш похсагӣ мебошад ва худаш аз хишти хом сохта шудааст. Байни намоҳои он бо тоқҳои росткунҷаи на чандон чуқур оро ёфтаанд. Дар болои асос ҳашттарки ҳар паҳлуяш даричадор барқарор аст.

Гунбази мақбара хароб гаштааст. Диаметри он 7,5 м. яке аз калонтарин гунбазҳои аз хишти хом сохташудаи Осиёи Миёна мебошад. Аз тарафи шимол даромадгоҳи оддӣ дорад. Дохили бино аз ҳисоби равоқ тоқҳои хурд васеъ шудааст. Қисми болоии тоқҳо бо шакли ғайриоддии зинамонанд, ки дар боло торафт тангтар мешавад, фарқ мекунад.

Мақбараи Хоҷа Сарбоз бо вуҷуди пурра маҳфуз намонданаш ганҷинаи нодири таърихӣ ва бадеии санъати меъморӣ ба шумор меравад. Умед аст, ки дар ояндаи наздик он дар шакли аввалааш барқарор мешавад.

 

Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ

Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ ёдгории меъмории асрҳои 11-12 дар деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритӯс мебошад. Аз хишти хом сохта шудааст. Андозааш аз берун 10,5 метр, аз дурун 6,9 метр мебошад. Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ аз рӯи сохт маъбадҳои оташпарастони пешазисломии Осиёи Миёна - «Чортоқ»-ро ба хотир меорад. Фарқаш дар ҳамин аст, ки Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ танҳо аз се тараф даромадгоҳ дорад ва тарафи чорум (шимолӣ) гарчанде дар шакли даромадгоҳ бошад ҳам, дар асл маҳкам аст.

Сохти даромадгоҳҳо хеле ҷолиб буда, мувофиқи усули меъмории асрҳои 11-12 сохта шудаанд: тоқҳои пайконии зебо дар тоқҳои росткунҷаи чуқур ҷойгир шудаанд (бо усули тоқ дар тоқ).

Асоси бино чоркунҷа буда, дар болои ҳашттарк (чор тарки дигар аз ҳисоби чор тоқи болои кунҷҳои девори асосӣ ба вуҷуд омадаанд) барқарор аст. Гунбази мақбара хароб гаштааст. Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ аз намунаҳои нодири бинои қадимаи аз хишти хом сохта шуда аст.

Шумо дар Минтақа
Шанбе, 29 Сентябр 2018 13:58

Раиси ноҳияро кӣ парронд?

Ин воқеаи даҳшатбор 25 майи соли 2001 дар маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд рух дод. Раиси ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) Собирҷон Бегиҷонзода бо мошини хизматӣ аз кор бармегашт. Ӯ назди манзилаш-хонаи рақами 33 пиёда шуда, пеш рафт. Раис бехабар буд, ки ӯро ду нафар назди даромадгоҳ мунтазиранд ва Собирҷон бори охир ба хонааш меояд. Садои чанд тир оромии маҳалро вайрон кард, тирҳои туфанги оташфишон ба раис расиданд ва ӯ назди даромадгоҳ ба замин афтод.

Бегиҷонзода чун одат бегоҳ танҳо аз кор меомад, ӯро касе роҳбаладӣ намекард. Чанд нафари садои тирҳоро шунида, ба маҳалли ҳодиса шитофтанд, аз ҷумла афсари милитсия, корманди Раёсати корҳои дохилии вилоят Абдуҳамид Пӯлодов яке аз аввалинҳо шуда, ба маҳалли ҳодиса расида омад. Вай вазъиятро дарк кард, фаҳмид, ки ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин гирифтааст, бо ёрии чанд ҷавон Бегиҷонзодаро ба мошин бор карда, ба беморхонаи клиникавии вилоят бурд…

Писари Бегиҷонзода - Хуршед, ки нав хонадор шуда буд ва аз манзили волидон каме дуртар зиндагӣ мекард, хабари нохушро шунида, ба беморхонаи вилоят омад ва дид, ки падар ҷароҳатҳои вазнин гирифта, оғуштаи хун хобидааст ва дар атрофаш табибон ҷунбуҷӯл доранд, вай фаҳмид, ки қиблагоҳаш аллакай ҷон додааст ва дигар касе ба ӯ мадад карда наметавонад.

- Ман солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин хел ҳодисаҳои ваҳшатборро бисёр дидаам, - нақл кард Хуршед. - Мурдаро аз зинда фарқ карда метавонам, аз табибон хоҳиш намудам, ки марҳумро ба ҳолаш монанд.

Ба пайкари падарам аз туфанги оташфишон панҷ тир расида, танашро ғалбер карда, узвҳои муҳими ҳаётиашро аз кор баровардааст. Раиси вақти шаҳри Хуҷанд Олимҷон Ҷалолов, ки ба беморхона расида омада буд, ба ман ҳамдардӣ баён кард ва ба ёрдамчиёнаш супориш дод, ки ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ телефон кунанд. 

- Аз бемористон падарамро ба сардхона (морг) бурда ташхис намуданд. Маълум карданд, ки ба пайкари вай панҷ тир аз туфангчаи тамғаи «Макаров» расидааст… 

Субҳ Бегиҷонзодаро дар гӯристони Болтухони шаҳри Хуҷанд ба хок супориданд. Дар шуъбаи корҳои дохилии маркази вилоят гуруҳи фаврии тафтишотӣ таъсис доданд. Ба ҳайати он кормандони фаврии таҷрибаноки шуъба, Раёсати корҳои дохилии вилоят, шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва прокуратураи вилояту шаҳрро шомил намуданд. Прокурори шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Гуруҳи тафтишотӣ пеш аз ҳама шахсияти марҳумро санҷид. Собирҷон Бегиҷонзода кист ва кӣ қатли ӯро мехост? Вай 3 феврали соли 2002 панҷоҳу нуҳсола мешуд, вале то зодрӯзаш зинда намонд, падари даҳ фарзанд, шаш духтару чор писар буд, се духтари калониашро оиладор карда тавонист, Хуршед нав оиладор шудааст, ба қавли худаш ҳанӯз бачилла буд. 

Собирҷон Бегиҷонзода солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои масъули вилояти Қӯрғонтеппа кор кард. Солҳои 90-ум дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ширкат кард. Соли 1999 бо фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) таъин шуд, вале дар  ин вазифа ҳамагӣ ду сол фаъолият намуд. Бегиҷонзода намояндаи мухолифини тоҷик буд ва мувофиқи тақсимоти 30 фоизаи оппозитсия вайро ба ин вазифа пешбарӣ карданд. 

Ҷустуҷӯи қотилон давом мекард, фарзияҳои гуногунро санҷиданд, аз даҳҳо нафар шубҳа намуданд, вале айбдоршавандаҳоро муайян карда натавонистанд. 

- Дар ин бора ман ба прокурори вилоят, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳр, шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд арз кардам, - гуфт Хуршед Бегиҷонзода. - Ҳама як хел ҷавоб медод, ки меҷуянд ва албатта меёбанд…

Кор ба ҷое расид, ки аз ду бегуноҳ шубҳа карда, онҳоро боздошт намуданду латукӯб карданд, ки ба гуноҳи нокардаашон иқрор шаванд.

Роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ як қатор муфаттишонро ба масъулият кашида, онҳоро аз тафтиш дур карданд.

Ҷустуҷӯ давом мекард, ба он кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи вилоят шомил шуда, аниқ намуданд, ки Собирҷон Бегиҷонзода супориши роҳбарони мухолифини тоҷикро иҷро накард. Мухолифин талаб намуда буд, ки раис барои марказ маблағи муайян ҷудо намояд, вале Бегиҷонзода саркашӣ кард. Вайро борҳо огоҳ намуданд ва таҳдид карданд. Таҳдиди эшон хушку холӣ намонд, дар охир қарор доданд, ки қотилонро киро кунанду  Бегиҷонзодаро ҷазо диҳанд ва ин ба дигарон дарси ибрат шавад.

Дертар маълум шуд, ки ин муборизаи паси пардагии мухолифин  нафақат барои ишғоли вазифа будааст. Он хеле пеш, ҳатто то имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҳия шудааст. Барои амалиётҳои террористӣ, харидани яроқ маблағ лозим буд. Ҳар каси ба мансабҳои масъул соҳиб шуда, бояд пул ҷамъ карда, ба марказ супорад, нафарони саркашӣ карда бояд ҷазо гиранд. Кор ба ҷое расид, ки ба якдигаркушӣ гузаштанд. Ҷонишини якуми вазири корҳои дохилӣ Ҳабиб Сангинов, журналисти номӣ Отахон Латифӣ ва чанд нафари дигарро парронданд. Аз ҷумла, Собирҷон Бегиҷонзода низ ҳадафи тири ҳаммаслакони худ гашт. 

Корманди фаврии шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии РКД-и вилояти Суғд, подполковники милитсия Мухтор Умаров ба гуруҳи тафтишотӣ шомил буд, ӯ иброз намуд, ки ба  ин гуруҳ сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷинояти ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Шарифов роҳбарӣ мекард. Онҳо тафовути шабу рӯзро аз ёд бароварда ҷустуҷӯи қотилонро давом медоданд.

Ба иттилои Мухтор Умаров ҷуяндагон ду қотилро аниқу боздошт карданд. Онҳо баёнот доданд, ки Бегиҷонзодаро бо туфанчаи тамғаи «Макаров» парронда, яроқро ба дарёи Сир партофтаанд.

Ба гуруҳи фаврӣ супориш шуд, ки туфангу садонишини қотилон истифода бурдаро дарёфт карда, ҳамчун далели шайъӣ ба суд пешкаш намоянд.

- Ин аз боздошти қотил душвортар будааст, - шӯхӣ кард подполковник Умаров. - Бо сад машаққат маҷрои обро кам карда, туфанг кофтем, ғаввосҳоро киро кардем, вале маълум шуд, ки аз дарёи калон ёфтани далели шайъӣ кори сангин будааст.

Баъди ҷустуҷӯи семоҳа туфангчаю садонишини қотилон истифода намударо дарёфт карданд. Таҷзиягарон баъди ташхис ба хулоса омаданд, ки Бегиҷонзодаро бо ҳамин туфанг паррондаанд, қотилон низ туфанги худро шинохтанд.

 Ҳамин тавр ин ҷинояти вазнин ошкор гашт, Суди вилояти Ленинобод  (ҳоло Суғд ) ба қотилон мувофиқи қонун ҷазо дод, вале супоришдиҳандагон паси парда монданд.

- Мо бо рафти тафтишот ва мурофиаи судӣ розӣ нестем, - гуфт Хуршед.

- Ҳамаи ин тариқи пӯшида гузашт, касе аз пайвандони ҷабрдидаро даъват накард, нисбати ҳамаи ин шикоят дорем…

 

Ғайрат ҲАКИМ

Шумо дар Таърих
Шанбе, 29 Сентябр 2018 13:46

ОРОМГОҲИ БУЗУРГОН

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Номи аслии ин деҳаро касе ба ёд оварда натавонист. Тахмин мерафт, ки гузаштагонашон ин мавзеи биҳиштосоро ба онҳо мерос гузоштаанд, вале номашро дар ягон ҷо нақш набастаанд.

Беш аз ҳазор сол пеш ба он номи туркии Каросақол, яъне ришсиёҳро пайвастанд. Кас ҳайрон мешавад, охир дар деҳа ягон турк зиндагӣ намекард, ҳама тоҷик буданд ва ҳастанд, вале чаро эшон ин номи ношиносро бо меҳр ба забон мегирифтанд.

Вақти таҳқиқ, аз нақли калонсолон фаҳмидем, ки гузаштагони ин деҳа сад дар сад тоҷик буданд ва аҳлона бо сулҳу салоҳ зиндагӣ мекарданд, то даме, ки ба деҳа қадами туркони қарохони ғазнавӣ расид. Яғмогарон деҳаро забт намуда бо куштору ғорат халқро ба дод оварданд. Ин ҷо мардони ҷасуру банангу номус кам набуданд, вале як шере пайдо шуду бо ҷасорат ҳамаро моту маҳбут кард. Ҷавонмарде баъди торикӣ афтодан аз мазори деҳа мебаромаду ғосибонро мекушт ва атроф равшан нашуда нопадид мегашт. Яғмогарон рӯзи дароз ӯро мекофтанду намеёфтанд ва аз якдигар мепурсиданд, ки марди паҳлавонпайкари «қаросоқол», яъне ришсиёҳро надидаанд?

Гуруҳ- гуруҳ рӯзи дароз он шерафканро меҷустанду намеёфтанд ва субҳ мешуниданд, ки марди ҷасур шабона пайдо шуда боз чанд яғмогарро кушта ғайб задааст.

Кор ба ҷое расид, ки туркон шабона берун намебаромаданд ва якдигарро огоҳ менамуданд, ки ҳангоми торикӣ фаро расидан аз ин мавзеъ нагузаранд, ки ҳадафи «қаросоқол» мешаванд.

Муборизаи марди танҳо бо қӯшун дер давом накард. Қарохониён бо шумораи зиёд роҳи шерафкани ришсиёҳро пойиданд ва шабе ӯро ба муҳосира гирифтанд. Паҳлавон бо шамшер нафари пеши роҳаш баромадаро шикофта, ба оромгоҳи деҳа медарояду ғайб мезанад. Яғмогарон хеле ӯро кофтанд, вале нишон ёфта натавонистанд. Куҷо ғайб задани шерафканро касе надид, на худӣ ва на бегона.

Ҳамин тавр деҳа Қаросоқол ном гирифт. Таҳлуқаи аҷнабиён дер давом кард, онҳо бо ҳарос ба якдигар дар бораи қаҳрамониҳои он марди сиёҳриш ҳарф мезаданд. Беш аз ҳазор сол деҳа бо ин ном монд. Фақат се сол қабл сокинон бо қарори худ ба деҳа Қадамҷо ном монданд ва ҳукумати шаҳр таклифи эшонро хуш пазируфта, хоҳиши онҳоро бо қарор тасдиқ кард.

Деҳа аз он солҳо хеле калон шуд, аҳолиаш афзуд, сокинон боғҳо бунёд намуданд, майдони киштро васеъ карданд.

Баъди кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон Қадамҷо серодам гашт, зеро ҳазорҳо нафар сокинони ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан солҳои панҷоҳуму шастум ва баъдан ба Мирзочӯл, Дилварзин ва Ҷиззаху Янгиёри Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч баста буданд, онҳо беш аз 25 сол зодгоҳашонро надида буданд. Эшон гуруҳ-гуруҳ ба зиёрати Қадамҷо меомаданд. Нафаре нақл кард, ки рӯзҳои иди Саиди Қурбон садҳо нафар ба зиёрати Қадамҷо омаданд, кӯчаҳои деҳа пури мошинҳои тамғаю рақамҳои давлатии Ӯзбекистон шуданд.

Ин мавзеро оромгоҳи бузургон ном мебаранд, он дар қади роҳи калон ҷой гирифтааст. Дар ин макони муқаддаси таърихӣ яке аз даҳ саҳобагони Паёмбари ислом, Ориф ва пешвои дини мубини ислом Хоҷа Абдураҳмони Авф дафн шудааст. Дар кадом аср бунёд гаштани мақбараи ӯ маълум нест, ба гуфтаи бошандагони ин маҳал замони рушди дини ислом вай ин ҷо ташриф оварда, баъдан дар ҳамин ҷо мондааст. 

Мегӯянд, ки нафарони бо ихлос ба зиёрат омада, ин ҷойро ҷорӯб мезананд ва ё фарзандонашонро дар остонаи мақбара хобонида ният мекунанд, то ки онҳо дар зиндагӣ роҳи худро ёбанд.  Дар гузашта ин ҷо чашмае мавҷуд буд, ки аз он оби шифобахш фаввора мезад. Бо мурури вақт ин чашма хушк шуд. Вале мардуми маҳал дастӣ ин чашмаро аз нав эҳё карданд. Онҳо аз чуқурии 10 метр об бароварданд ва ҳоло аз он менӯшанд. Чанд сол қабл сокинони маҳал ин биноро борҳо тармиму таъмир карданд. Соли 2000 бо шарофати 2500 солагии Истаравшан аз ҷониби МИҲД-и шаҳр барои тармими деворҳои оромгоҳ маблағ ҷудо намуданд ва ин макони муқаддас аз нав эҳё шуд. 

Ба гуфтаи бошандагони маҳал ҳамарӯза садҳо нафар бо мақсади зиёрату ибодат ба ин ҷо ташриф меоранд. Дар байни 150 ёдгориҳои таърихии Истаравшан ин мақбара яке аз ҷойҳои намоёни назаррасро ишғол менамояд. Имрӯз Қадамҷо маҳалли сайёҳони хориҷӣ гаштааст. 

Мегӯянд, ки Қадамҷоро Худо назар кардааст. Деҳаро дашти ҳамвору ҳосилхез иҳота кардааст. Сокинон тирамоҳ ғаллаву сабзавоти фаровон мерӯёнанд, зимистон чорвояшонро мечарронанд. Дар қади роҳи калони мошингард дарахтони мевадору ороишӣ қомат афрохтаанд, ҳарҷо - ҳарҷо ошхонаю чойхона сохтаанд. Аз чоҳҳо об фаввора зада, атрофро сабз мекунад.

Ин ҷо дурдонаи Истаравшан, корхонаи муштараки «Оби зулол» қомат афрохтааст, ки аз он нафақат сокинон, балки тамоми Тоҷикистониён ифтихор мекунанд.

Оби тозаи хуштаъми табобатиро аз чуқурии 220 метр бароварда, ба талабгорон пешкаш менамоянд. Обу афшураи ин коргоҳ борҳо сазовори медали тилло гашта, дар озмунҳо беҳтарин дониста шудааст.

Деҳа солҳои зиёд мактаб надошт ва роҳбарияти корхонаи «Оби зулол»  ба сокинон аз маблағи худ мактаби замонавӣ сохта, ба истифода дод. Ин ҷо устодони таҷрибанок ва ба вазифаашон содиқ заҳмат мекашанд. Натиҷаи меҳнати онҳост, ки ҳар сол беш аз 80 фоизи хатмкунандагон ба мактабҳои олии мамлакат ва берун аз он таҳсилро давом медиҳанд...

Қадамҷо дар дилу дидаи одамон ҷой гирифта, ба зиёратгоҳи серодам табдил ёфтааст.

 

Ғайрат ҲАКИМ

Шумо дар Таърих

28-уми сентябри соли 2018 Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» озмуни “Замини зархез”- ро, ки барои намояндагони ВАО эълон карда буд, ҷамъбаст кард. Ба озмун беш аз 20 матлаб пешниҳод шуд, ки 5 довари соҳибтаҷриба ва кордон онҳоро баҳогузорӣ карданд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти овозҳо дар бахши матолиби чопӣ Нодири Одил (ҳафтаномаи “Тоҷикистон”), дар бахши радио ва мултимедиа Низомиддин Исоев (сомонаи вилояти Хатлон) ва дар бахши матолиби тасвирӣ Суҳроби Зиё (телевизиони форсии Би-Би-Сӣ) сазовори ҷои аввал шуданд. Тибқи муқаррароти озмун ба ғолибон туҳфаҳои боарзиш ва диплом тақдим шуд. Суҳроби Зиё, таҳиякунанда ва хабарнигори Телевизиони форсии Би-би-Сӣ дар Тоҷикистон ва яке аз барандагони озмуни “Замини зархез” дар бораи таасуроташ аз ин озмун мегуяд: “Баргузории чунин озмунҳо муҳим аст, зеро расонаҳо ва хабарнигоронро ба инъикоси мушкилоти арсаи кишоварзӣ ва обёрӣ дар Тоҷикистон бештар алоқаманд мекунад. Кишоварзӣ аз муҳимтарин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон мебошад ва аз назари захоири обӣ ҳам кишвар нисбат ба ҳамсоягонаш дар вазъияти беҳтаре қарор дорад. Аммо дар заминаҳои истифодаи сарфаҷӯёна аз об, мудирияти муассири захираҳои обӣ ва истифода аз технологияҳои нав дар обёрии киштзорҳо монеъаву мушкилот ҳанӯз хеле зиёд аст. Бояд расонаҳо ва мо, хабарнигорон мушкилоти кишоварзони тоҷикро бештар бозтоб бидиҳем, дар ҳаллу фасли онҳо саҳми худро гузорем ва агар онҳо дастоварде доранд, онро низ набояд нодида бигирем. Зеро рангинии суфраи ҳар хонаводаи кишвар аз заҳмати кишоварзон вобаста аст ва ҳамкорию мадад ба онҳо метавонад ба манфиати иқтисоди ҳар хонавода бошад. Аз ин дидгоҳ озмуни баргузоркардаи тарҳи "Кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда", ки барномаи USAID дар Тоҷикистон онро иҷро мекунад, барои инъикоси ин масоил муҳим ва саривақтӣ аст ”.

Дар маросими ҷамъбасти озмуни “Замини зархез” масъулон ва хабарнигорони расонаҳои маъруфи кишвар иштирок доштанд. Дар ҷараёни озмун Сурендра Баҳатта, роҳбари бахши рушди иқтисодӣ дар USAID ва Сабоҳатулло Музаффаров, муовини роҳбари лоиҳа барои ҳозирин доир ба дастовардҳои лоиҳа итилоъ доданд.

Парвиз Аминзода

Шумо дар Хабари-рӯз
саҳ 4 аз 49

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.