.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

Маҳорати ҳикоянависӣ

Янв 27, 2018 Диданд: 588
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ҳикоя аслан як воқеаро инъикос мекунад. Аввалу охири ҳикояро чун асарҳои дигари бадеӣ, риштае ногусастанӣ бо ҳам пайванд месозад. Бо чунин назар ба ҳикояҳои нависандагони соҳибистеъдод Юнус Юсуфӣ - «Бозгашт ба зодгоҳ ва мушоҳидаи роҳ», Равшани Махсумзод - «Зан ва ҷанг», Мансур Суруш - «Тақлид», Тоҳири Муҳаммадризо - «Парвоз» ва Сайёфи Мизроб - «Носталжие» наздик мешавем.

«Бозгашт ба зодгоҳ ва мушоҳидаи роҳ»-и Юнус Юсуфӣ беҳтарин ҳикоя аст. Дар ин навишта нафаси сарди ҷомеа, яъне автобуси фартут, аз байн рафтани муносибати нарм дар байни мардум, бештар ба хориҷа рӯ овардани одамон, афзудани сафи гадоён эҳсос мегардад. Аввал ва охири ҳикояро қаҳрамони асосӣ - Таҳмурас бо ҳам пайванд месозад. Ҳикоя бо чунин ҷумлаҳо оғоз меёбад: «Соат дар дурдасти шаҳр аз офтоб хеле қафо монда буд. Офтоб кайҳо аз фарози осмон гузашта, рӯ ба нишеб мерафт, аммо соат нав ба чошгоҳ ишора мекард. Соат пиндор орзудаву бемадор буд, лек ба ночор, барои он ки аз буданаш дарак диҳад, ба тамом фаромӯш нашавад, маҳв нагардад, роҳ меравад».
Юнус Юсуфӣ чун дар дигар асарҳояш дар ин ҳикоя низ рамзро истифода бурдааст. Соат дар ин ҷо чун рамзи ҷомеа омадааст. Ҷомеае, ки базӯр нафас мегирад. Ҳаракат ва қадамзаниаш суст аст. Агар Юнус Юсуфӣ ин сужаро, ки ҳикоя бо он оғоз меёбад, ҳамчун риштае ногустанӣ истифода мебурд, бояд дар байн-байни он ҳаракати бемадори соат истифода мешуд. Аммо… Аммо дар истгоҳҳои шаҳр, ба ҷуз пештоқи пешини осорхона, дигар соат нест. Ӯ дониста ин корро анҷом намедиҳад ва хуб ҳам мекунад. Аммо ҳаракати бемадори соат, ки ифодагари замон буд, фаромӯш мешавад. Агар Юнус Юсуфӣ дар ибтидои ҳикоя як ҷумларо, аз қабили «Нахустин дидори Таҳмурас дар зодгоҳаш ба соате афтид, ки…» илова мекард, хуб мешуд. Ҳикоя, ки ҷолиб буд, боз ҷолибтар мегашт.
Ҳикояи Равшани Махсумзод - «Зан ва ҷанг» бо чунин сатрҳо оғоз меёбад: «Беморхонаи ҳарбӣ иборат аз даҳ-понздаҳ хоначаи махсус барои табобат таҷҳизонидашуда дар биёбони нопайдоканори Шиндон ягона ҷои обод буд… Сарбозоне, ки дар беморхона табобат мегирифтанд, тадриҷан ин мавқеъро ба як ҷойи ободу зебо табдил дода буданд. Роҳравҳо симонпӯш ва қад-қади он ҳар гуна гулу дарахтҳо шинонида, ҷо-ҷо дар тахтаҳои андаруни гӯшасинҷи оҳанин насбкардашуда ҳар гуна шиор ва пораматнҳоро аз низомномаи ҳарбӣ навишта буданд…».
Ҳикоя аслан фарогири мавзуи ҷанги аскарони Шӯравӣ дар Афғонистон аст. Нависанда пирӯзӣ ва шикасти ҷанговарони Шӯравиро дар Афғонистон дар як ҳикоя, андаке бошад ҳам, ғунҷоиш додааст. Воқеа ва гуфтугӯи қаҳрамонҳо дар беморхонаи ҳарбӣ сурат мегирад. Ҳамин беморхона аввал ва анҷоми ҳикояро чун риштае бо ҳам пайванд месозад. Аммо номи ҳикоя - «Зан ва ҷанг» чандон мувофиқат намекунад. Агар ҳикоя «Дар беморхонаи ҳарбӣ» ном мегирифт, дар чунин ҳолат андешаҳои нависанда тобиши сиёсӣ мегирифт. Яъне, ҳамаи қитъаи Афғонистон ба ҷанговарони Шӯравӣ дастрас набуд. Он ҷоеро, ки иҳота намуда буданд, чун беморхонаи ҳарбӣ, аз дасти ҷанговарон ободу зебо гашта буд.
Мансур Суруш дар «Тақлид» ном ҳикояаш мехоҳад ба ашёи атроф хислати одамӣ бидиҳад. Ба ин ҷумлаҳо таваҷҷуҳ кунед: «Аз рӯзе, ки Худованд ин ҷаҳони пуршиддатро офарид, офтоб комилан бовар дошт, ки дар миёни ҷирмҳои осмонӣ тобонтару зеботар аз вай касе нест. Вай субҳгоҳон тулуъ карда, ба гардиши одатии худ мепардохт ва ба замини мо саховатмандона равшанию гармӣ ато намуда, бо нишот медурахшиду шуъла мепошид».
Ҳангоми қироати ҳикоя дар назари хонанда шахсони танҳо ва худхоҳ пайдо мегарданд. Дар ҳикояи «Тақлид» низ се нафар - офтоб, одам ва ситора чун марди худхоҳ инъикос ёфтаанд. Хотираи одамон, ки кӯтоҳ аст, гармии офтобро фаромӯш мекунанд. Аз чеҳраи ӯ айберо ҷӯё мешаванд. Дар охир дар сардиву торикӣ меафтанд.
Ҳикоя агар «Тақлид» нею «Пушаймонӣ» ном мегирифт, баъди аз нав дурахшидани офтоб ва аз сардиву торикӣ раҳо шудани одамон як ҷумлаи ҷамбастӣ илова мегашт, дигар ҷои гап ҳам набуд. Чунки аввалу охири ҳикояро офтоб чун риштае бо ҳам пайванд месохт.
Тақлид дар ҳикоя хусусияти хоси ситора аст. Агар ситора нақши асосиро мебозид, бояд ҷумлаи аввал бо он сар мешуд. Яъне: «Як ситораи шуҳратпараст, ки дар баландии само милт-милт метобид, тасмим гирифт, ки … таваҷҷуҳи ҳамаро ба шахси худ ҷалб соад». Баъди ин ситора барои адаби одамонро додан, саргузашти офтобро ба хотир меовард.
Бо вуҷуди ин, ҳикоя ҳикояи хуби тамсилӣ аст.
«Шарфаи поро шунид. Гӯш ба қимор шуд. Ҳа, аниқ, соҳибаш. Чун ҳамеша бошитоб (?), ланҷу хоболуд қадам гузошта, паиҳам хамёза кашидаву ба ларзаи баланд коҳилиро аз тан рафъ намуда, ба оғил наздик омад. Қулфи анбории аз барфу борон зангзадаро ба даст палмосид. Калидро ба қулф андохта ва шарраққос тоб доду дарро кушод». Бо чунин ҷумлаҳо оғоз меёбад «Парвоз» ном ҳикояи Тоҳири Муҳаммадризо. Забони офаридаҳои Тоҳири Муҳаммадризо сода ва дилкаш аст. Ӯ қобилияти хуби офаридани хислатро дорад. Дар ҳикояи «Парвоз» гов ҳамчун ҷонвари заҳматкаш, орзупарвар ва соҳиби гов марди хасис, худхоҳ ва ҷоҳил тасвир ёфтааст. Ба назари камина, нависанда ду мавзуъ, яъне муносибати гов бо соҳибаш ва гуфтугӯи мурғи марҷон бо говро бо ҳам омезиш додааст. Дар ҳикоя агар хислати гов ва соҳибашро инкишоф медод, дар охир рақобатро ба авҷи аъло мерасонд, ҳикояи хуб мешуд.
Паридан аслан хусусияти мурғи марҷон аст. Агар мақсад парвози мурғи марҷон мешуд, ҷумлаи аввалини ҳикоя бо он оғоз меёфт. Баъдан, саргини гови гурусна чандон ғизое надорад. Барои болу пар пайдо намудани мурғи марҷон саргини гове лозим аст, ки хӯрокаш аз ҷаву кунҷора бошад.
«Носталжи» ном ҳикояи Сайёфи Мизроб бо чунин ҷумлаҳо оғоз меёбад: «Хусрав оҳиста сигорро аз лаб гирифта, як сӯ партофт, дуди ғализи онро пуф карда, сулфид. Сипас якто-якто қадам зада, лаби ҷӯйи лойолуд, ки гиёҳҳои гирду канораш хушкида буд, поин фаромад. Духтар аз хирман по бинҳод, куртаи сурху сафеди деҳқонон ба чашм мерасид. Пахтачинӣ дар авҷ буд». Аз ҷумлаи аввал пойдост, ки нависанда равоншинос аст. Аз қадами аввал бӯи носталжи ба димоғи кас мерасад ва он оҳиста-оҳиста инкишоф меёбад. Қаҳрамони асосӣ - Хусрав аввалу охири ҳикояро чун риштае бо ҳам пайванд месозад. Нависанда дар образи Хусрав азоби пахтачинӣ, ҷӯборҳои заҳролуд, ҷоҳилии омӯзгор ва ишқи кӯдаконаро нишон додааст.
Сар то пои ҳикоя чунон ихчам аст, ки ягон чизи зиёдатӣ надорад.
Боз дар ҳикоя ғурури инсонӣ дар ҷои аввал меистад. Он хоҳ-нохоҳ ба хонанда таъсири худашро хоҳад расонд.
Ҳикояҳои чанд нафаре, ки мавриди таҳлил қарор гирифтанд, имрӯз бори наср бар дӯши онҳост. Дар баробари тарбия намудани ҷавонон кӯшиш кунанд, ки асарашон хурдтарин нуқсе надошта бошад ва ба забонҳои ҷаҳон тарҷума шавад. Бо ин роҳ хислату хӯ ва расму русуми миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Он гоҳ вазифаи худро дар назди ҷомеа иҷро хоҳанд кард.

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

Тағйироти охир Шанбе, 27 Январ 2018 14:37
Хонданд 588
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.