.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

Мероси фарҳангиамонро ба ЮНЕСКО бубарем…

Янв 20, 2018 Хонданд: 613
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Фарҳанг яке аз соҳаҳои муҳим барои муаррифӣ намудани миллатҳост. Агар ба кормандони соҳаи фарҳанги кишвари дӯст ва бародари Озарбойҷон аҳсану офарин гӯем ҳам, кам аст, чунки дар ЮНЕСКО барои миллӣ кунонидани навъе аз хӯрок бо номи «долма» ва асбоби мусиқии «камонча» саъю талош намуда, муҷаввиз гирифтанд ва соҳибмулки ин хӯроку асбоб будани худро дар сатҳи байналмилалӣ исбот намуданд.

Чаро ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ кардем? Чун, дар ин шабу рӯз мо бояд аз алломаҳои илму фарҳанг сар карда, то дастовардҳои онҳо дар ҳама соҳа, ҳатто ашёеро фаромӯш накарда, ба ЮНЕСКО пешниҳод намоем. Мо то кай мегузорем, ки Абӯалӣ Сино, Ал-Бухорӣ, Ал-Хоразмӣ, Берунӣ, тақвими Хайём, қонунҳои ҷозибаи умумиҷаҳонии Хайём, ки Нютон аз худ намуда буд, моли бегонагон муаррифӣ гарданд? То ба кай бетафовутӣ зоҳир менамоем? Агар кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ мероси фарҳангиамонро, аз қабили шӯрбо, қурутоб, мастоба, шакароб ва ғайра, ки ҳанӯз бегонагон аз худ накардаанд, соҳибӣ намояд, ин маъноеро дорад, ки кадом як фард ё кишваре рафту ягон хӯроки миллии моро моли худ арзёбӣ кунад, мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ ин шахс ё давлат посухгӯ хоҳад буд. Ба таври мисол, агар барои бренди машҳури тоҷикон - «Чойхона» мо муҷаввизи ЮНЕСКО-ро гирем, чи дар Аврупо, чи дар Амрико ва чи Осиё маълум мегардад, ки бунёдгузори чойхона миллати тоҷик мебошад.
Ҳоло ки дер нашудааст, мо бояд бо далелҳои шайъӣ исбот намоем, ки фалону фалон дастовардҳои илмиву ҳунарии машҳур, ки дар осорхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд, моли ҳалоли тоҷиконанд. Масалан, хазинаи Амударё, ки намунаи барҷастаи санъати ҳунарии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Агар ба таърих назар афканем, расму оин, одобу ахлоқ, шаҳрдорию шаҳрсозӣ, китобдорию китобдӯстдорӣ шуғлу рафтори ҳамешагии ниёгони пурифтихори мо тоҷикон мебошад. Агар дар ҷаҳон асарҳои пурарзиштарин ва беназиртаринро номбар намоем, дар қатори онҳо ҳатман китоби «Шифо»-и Сино, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и Ал Берунӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммади Табарӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Румӣ ва ғайраҳо ҷой мегиранд. Тақвиме, ки тавассути он рӯзу моҳу солро дақиқ мешуморем, тақвими Хайём аст. Ҳатто мардуми Аврупою Ҷопон бо он ҳама дастовардҳои илмиву технологиашон тақвими Хайёмро нотакрору дақиқатарин тақвим дониставу арҷ мегузоранд. Солшуморие, ки ҳоло дар Амрико, Аврупо, Осиё, Африқо, умуман қариб дар тамоми ҷаҳон истифода шуда истодааст, ҳамон тақвими Хайём аст.
Барномаҳои таълимии Ғарб ва Шӯравӣ аксаран тамаддуни Юнони Қадимро пешоҳанг меҳисобиданд, ҳол он ки, ҳама дастовардҳою кашфиётҳое, ки юнониён ба он менозанд, ғаниматҳои илмию фарҳангии мардуми тоҷику эронӣ аст, ки Искандари Мақдунӣ ҳангоми кишваркушоӣ ва шикасти аввалин империяи бузурги ҷаҳонӣ - Ҳахоманишинҳо талаю тороҷ намуда, бахши азими онро ба Юнон интиқол додааст. Ва имрӯз ноогоҳони ҷаҳон васфу ситоиши Юнони Қадим менамоянд.
Асари пурарзиши Гомер, ки «Одиссея» мебошад, ҳамвазнии «Шоҳнома»-и Фирдавсиро надорад ва қисмати зиёди муҳаққиқони ҷаҳон инро аллакай эътироф намудаанд. Ҳатто шоири бузурги Олмон - Гёте аз 120 шоир, олим ва нобиғагони форсу тоҷик ном бурда, аз ҷумла қайд кардааст, ки «ман бо ҳама шуҳрату маҳоратам хоки пойи ин шахсиятҳои нотакрор намешавам». Албатта, ин ҳама баҳогузориҳо аз ҷониби олмониҳо боиси ифтихори мост. Чунин заминаҳо буданд, ки Ҷумҳурии Федеративии Олмон забони форсиро дар баробари забони англисӣ ва фаронсавӣ дар барномаҳои таълимии макотиби миёнаву олии кишвараш ворид намуд.
Месазад, ки дар барномаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистон як фанни нав - «Ифтихори ватандорӣ» бо дарназардошти мероси фарҳангӣ ва илмии ниёгонамон ҷорӣ гардад. Дар ҳоле, ки наврасон ва ҷавонон ба интернет таваҷҷуҳи зиёд доранд, хеле хуб мешавад, ки коршиносони соҳаи фанноварии илмҳои дақиқ ва технологияи муосир роҳҳои муфиди ба шабакаи Интернет ворид кардани маълумот оид ба дастовардҳои миллати тоҷик ва фаъолияти нобиғаҳоямонро ҷустуҷӯ намоянд.

Алишер ИДИЗОДА, рӯзноманигор

АЗ «ФАРАЖ»:
Ҳамкор, дӯст, бародари гиромии мо, рӯзноманигор Алишер Идизода зодрӯз доранд. Эшонро ба ин муносибат муборакбод гуфта, саломатии тан, рӯзгори бегазанд, табъи хуш, дар корҳои эҷодиашон бурдборӣ таманно дорем.

Тағйироти охир Шанбе, 20 Январ 2018 13:57
Хонданд 613
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.