.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

«Муаллим» - таҷассумгари руҳи миллӣ

Янв 13, 2018 Хонданд: 490
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Телевизиони «Сафина» «Муаллим» ном филми ҳунарии коргардони шинохта Носир Саидовро ба намоиш гузошт. Филм аслан аз рӯзгори муаллими солхӯрда ва мардуми як деҳа ҳикоя мекунад.

Бояд ёдрас шуд, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ понздаҳ ҷумҳурӣ ба истиқлолият расиданд. Аммо ин истиқлолият дар пай бесарусомониҳои зиёд дошт. Коргардони филм дар рӯзгори мардуми деҳа ҳамин бесарусомониҳо, яъне нарасидани омӯзгор дар мактаб, эътибор пайдо намудани сухани муллоҳо дар ҷомеа, аз фаъолият мондани корхонаҳо, афзудани сафи бекорон, ба муҳоҷират рафтани мардум ва андаке ба тиҷорат рӯ овардани онҳоро ба тасвир кашидааст.
Воқеан, ҳудуди филм аз доираи деҳа убур намуда, ба сатҳи ҷумҳурӣ мерасад. Яъне, филм дар баробари маъниҳои воқеӣ доштан, боз мафҳумҳои рамзӣ низ гирифтааст. Муаллими солхӯрда, ки як умр коммунист буд, лаҳзаҳои охирони умрашро пушти сар менамояд. Муаллим ин ҷо чун рамзи коммунист омадааст. Коммунисте, ки тӯли ҳафтод сол дар ҷомеа ҳизби яккатоз буд. Баъди ба истиқлолият расидани ҷумҳуриҳо фаъолияти ҳизб хеле коста гашт. Самандар (ишора ба мурғи Самандар, ки месӯзад ва аз хокистар аз нав аланга мегирад), ки писари муаллим буд, ба ҷои падараш омӯзгор шуд. Аз ҳамаи фанҳо худи Самандар дарс мегуфт.
Ҷомеа ҳеҷ гоҳ халогоҳро намепарастад. Ба ҷои ҳизби коммунист нерӯи тозае, яъне Самандар бар сари қудрат омад. Нерӯе, ки дар даври истиқлол хештаншинос буд ва арзиши миллиро мепарастид. Самандар боз ба духтараке дар алоҳидагӣ аз забони русӣ сабақ медод. Ба ин сужа таваҷҷуҳ намоед: духтарак дар хона, дар даст коғазу қалам дар паси миз нишастааст. Самандар ба тирезаи хона дар ҳолати шинондани шиша калимаҳои русиро ба забон меорад. Духтарак аз қафои ӯ такрор мекунад.
Ин кори олии коргарони хушсалиқа Носир Саидов аст. Ӯ фардои духтаракро, ки зодаи даври истиқлол аст, равшан ва дурахшон мебинад. Коргардон бо шинондани шишаи софу беғубор чунин андешаашро баён намудааст.
Дертар муаллими солхӯрда, яъне падари Самандар, аз дунё чашм мепӯшад. Дар сари мадфани ӯ ниҳолаке месабзид. Самандар дар ҷустуҷӯи бародараш ба Русия меравад. Нигоҳубини ниҳолак ба дӯши духтар меафтад. Духтараки хурдсол ва заиф кӯзаи пуробро кашола намуда, ба сари мадфан мерасад. Ба бехи ниҳол об мерезад. Ин лаҳза бародари Самандар аз Русия бармегардад. Ба сари қабри падараш меояд. Духтарак оятеро қироат мекунад.
Духтарак ин ҷо чун рамзи руҳи миллат омадааст. Руҳе, ки хурд ва заиф аст, аммо боирода. Аз гузаштаи худ (муаллими солхӯрда) ифтихор дорад. Дар баробари ин, ислом (қироати дуо)-ро мепарастад.
Коргардон Носир Саидов дар филми ҳунарии «Муаллим», агар дақиқ назар афканем, дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро ғунҷоиш додааст. Дар образи духтарак, яъне рамзи руҳи миллат фардои шаффоф, рӯшан ва дурахшони мардуми тоҷикро мебинад.

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

 

Тағйироти охир Шанбе, 13 Январ 2018 15:27
Хонданд 490
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.