.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

Галстуки мо барои чист!?

Янв 13, 2018 Диданд: 710
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ин саволест, ки 80-90 фоизи хонандагони мактабу донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои мо бо ҷиддият ба ҳар каси пеш омада медиҳанд. Дар асл, ба ин савол бисёр ҷавоб медиҳанд, аммо бар замми ҷавобҳои пай дар пай боз нофаҳмию норӯшанӣ дида мешавад. 

Чаро мо тозапараст нестем? Чаро мо аз галстук нафрат дорем? Чаро куртаи сафедро аз кафан дида бад мебинем? Чаро кӯшиши туфлии сиёҳи ранг карда шударо доштан намехоҳем? Чаро бо брюки кушоду зебо худро ноҳинҷор ҳис мекунему рафта даридаашро мепӯшем? Чаро...?
Ҳақиқати аён аст, ки имрӯз қисми зиёди ба ном донишҷӯю хонанда ба ин саволҳо ҷавоб дода наметавонанд, аммо ҳамин хислатҳо дар онҳо ҳаст. Бисёриҳо мегӯянд, чаро моро аз дониш нею аз сарулибос ва корҳои ҷамъиятӣ мепурсанд? Барои он, ки сараввал ахлоқ аст, тарбия аст, одамият гуфтанӣ чиз аст ва пасон аз намуди зоҳирии ту аён аст, ки ту чӣ гуна хонандаву донишҷӯ ҳастӣ. Як мисоли сода. Оташхомӯшкунакҳо бе либоси махсус метавонанд ба даруни оташ дароянд? Албатта не! Донишҷӯ ҳам бояд як либоси хубу тоза дошта бошад барои беҳтарин амал, яъне талаби илм. Як нафаре, ки либос пӯшида наметавонад, аз куҷо вай доништалабу донишҷӯ шуда метавонад? Як нафаре, ки дар назараш вазнинтарин предмети дунё галстук аст, ки бо андохтанаш гӯё миёнаш мешиканад, аз куҷо ҳаловати донишҷӯ буданро пайхас мекунад? Як нафаре, ки кори ҷамъиятиро танҳо як ибораи иборат аз ду калима медонад, аз куҷо шахс буданашро ҳис мекунад?
Рост аст, ки галстук моро басавод намекунад, рост аст, ки куртаи сафед доштан далели раис будан нест, рост аст, ки ҳар костюму брюкдор ректору вазир нест, аммо галстук маҷбур мекунад, ки ту босавод бошӣ, маҷбур мекунад, ки ту дар ҷустуҷӯ бошӣ, маҷбур мекунад, ки ту рисолати дар пешат бударо адо кунӣ. Чӣ хел ин ҳама корро як латтапора мекунад мегӯӣ? Дар гарданат, ки галстук бошад, итминони мардум ба ту зиёд мешавад, яъне дар назари ҳама ту хуб менамоӣ. Галстукдор ҳамеша бояд савол диҳаду ба савол ҷавоб диҳад, ба тарзи дигар, ҳамеша дар маркази иттилоот аст. Шахсе, ки галстук мебандад, бояд коре кунад, ки намуна бошад. Барои ин ҳама корҳоро кардан бояд шахс хонаду хонад ва боз хонад! Ҳамон куртаи сафеде, ки баъзеҳо ба мисли кафан бадаш мебинанду аз он дурӣ меҷӯянд, зебоии моро нишон медиҳад. Ооо, магар зебоӣ бад аст!? Ҳамон куртаи сафед аз тозапараст будани мо дарак медиҳад. Вақте ки кураи сафед дар тан дорӣ, аз ифлосиҳо дур меравӣ, худро эҳтиёт мекунӣ, тоза мегардӣ. Магар ин бад аст? Вақте ки тозаву озода бошӣ, албатта хондан ҳам мешавад. Ҳамон костюму брюкдор оянда вазиру раис мешавад. Охир, дар куҷо дидаед, ки имрӯз брюки ҷинси дарида дошта фардо раис шуд? Ҳар калонсоле, ки саволеву ҳоҷате дошта бошад, аввал ба костюму брюкдор медиҳад.
Инҷо гап сари расмият ва тозапарастию илмҷӯӣ меравад. Хонандаи мактабро бояд аз кӯчагард фарқ кунем ва фарқияташ ҳам аввал дар либос зоҳир мегардад. Донишҷӯ бояд аз «бомж» фарқ дошта бошад. Ҳамон «бомж» ҳам брюки дарида мепӯшад, баъзе донишҷӯёни “замонавӣ” ҳам. Албатта ин бад аст, зеро мо рисолати худро фаромӯш мекунем.
Хонандаи азиз! Бо итминони комил метавон гуфт, ки агар ҳама муассисоти миёнаву олӣ иҷозат диҳанд ба кадом либосе, ки хонандаву донишҷӯ омадан хоҳад, биёяд, бовар кун, ҳам хондан фаромӯш мешавад, ҳам фарҳангу инсонгарӣ.
Ҳамин Китобхонаи миллии Тоҷикистон чанд вақт ба сарулибос кор нагирифт, яъне ногуфта маълум, ки хонанда бо кадом либосе, ки хоҳад, биёяд ва дар калонтарин, зеботарин, бойтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ ба ҷустуҷӯи илму боз ҳазору як майда - чӯйдаи дигар пардозад, аммо мо чӣ кор кардем? Дур намеравем, ҳамин тобистон аз ҳад зиёд гузарондем. Бачаҳоеро дидам, ки бо футболкаи турӣ меомаданд ва ин аён аст, ки тамоми бадани чиркину ӯ менамояд. Магар ин ба мо мезебад ва ин далели гузарондани мо нест? Духтарҳоеро дидам, ки бо каблукҳои 10-15-сантиметра омада ва туқ-туқкунон ба асаби чандин нафар мерасиданд. Писареро дидам, ки бо брижа омада буд, ки чизи пӯшидааш ғалатӣ буд. Духтареро дидам, ки ҳар чизе дилаш мехост, пӯшида меомад. Писареро дидам, ки бо брюки даридаву кепкаи дуздӣ меомад. Вақте ки ба макони илму адаб бо либоси беадабона равӣ, чӣ мешавад? Вақте ки ту хонданӣ не, намоишдиҳӣ меравӣ, чӣ мешавад? Албатта ҳеҷ суде нест ва ин рафтану омаданҳо танҳо вақткуркунӣ асту халос. Бо пайдо шудани навиштаҷоте, ки бе либоси расмӣ мумкин нест дар КМТ даромадан, ҳама зор-зор гиря мекунанд ва бо алам ба ҳар каси наздику дури худ дарди дил мекунанд, мисле, ки онҳо давои дардашон мешуда бошанд. Бояд ғамгин шаванду гиря кунанд, зеро дигар дар куҷо либосҳои худро намоиш медиҳанд ба ҷӯраву дугона. Аслан, мақсади роҳбарияти КМТ-ро мо то андозае фаҳмидем, агарчанде шарҳ надодаанд. Диданд, ки мо гузарондем, китобхонаро ба кӯча монанд кардем, ин иқдомро пеш гирифтанд. Дар КМТ шарт нест либоси расмӣ, танҳо либоси инсонӣ пӯшидан даркору халос. Маъмурияти КМТ талаб накардаанд, ки ҳатман костюму брюк бо галстуки сурх карда биёед, танҳо натавонистанд навишсанд, ки шумо гузарондед. Аммо мо чӣ кор кардем? Албатта хато фаҳмидему санги маломат задем ба сарашон. Дар ҳоле, ки ин ба фоидаву хубии мо буд.
Як савол ба ҳамон норозиҳо: шумо дар кӯча мегардед то бегоҳ, либосҳоятон чиркин мешаванд, оё модар ё апаи шумо иҷозати даромадан ба даруни хонаи худатон медиҳанд? Неъ албатта! Як фикр кунед, КМТ рафтан бо брюки дарида, ин чӣ хел мешавад баъд? Дар ин макон меҳмони дохилию хориҷӣ ҳаст, вақте ки дар КМТ ин аҳволро мебинад, дигар аз китобхонаҳои дигар рафтан рӯй метобад.
Акнун бахшиш, ки зиёд вақти туро гирифтем, хонандаи азиз. Талаби расмият хуб аст дар ҳама ҳолат. Агар ҳамин сахтгириҳои мо набошанд, ба ҳама предмети иҳота кардаи мо зарар мерасад ва ин аниқ аст, зеро аллакай таҷрибаҳо нишон додаанд.
Биёед ҳамакаса бо маънии томаш дар талаби илм бошем.

МУБОРИЗ

Тағйироти охир Шанбе, 13 Январ 2018 14:48
Хонданд 710
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.