.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

Дилро ба дил раҳест…

Дек 09, 2017 Хонданд: 362
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

(Гузориш аз маҳфили «Роҳҳои дӯстӣ» дар толори Маҳфили фарҳангии «Боргоҳи сухан»)

Рӯзҳои 9-11-уми ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Анҷумани VI-уми роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар чорабиниҳои ин созмон баргузор гардид, ки дар онҳо бисёр намояндагони роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур иштирок доштанд.
Меҳмонон баъди анҷоми чорабиниҳои марбут ба ин ҳамоиш рӯзи 11-уми ноябр ба тамошои қалъаи таърихии Ҳисор рафта, ин осорхонаи табиии кишварро бо таваҷҷуҳи хоса тамошо карданд. Баъд зери чанорҳои сесадсола нишаста, палави тоҷикӣ хӯрдаву суҳбати дӯстона оростанд.
Баъдан, худи ҳамон рӯз дар толори Маҳфили фарҳангии «Боргоҳи сухан» бо иштироки зиёда аз 150 нафар меҳмонони хориҷӣ маҳфил таҳти унвони «Роҳҳои дӯстӣ» баргузор гардид, ки дар он тақрибан қисме аз онҳо суханронӣ намуданд.
Дар маҳфил Досенко В. А. (Россия), Шилакадзе Т. А. (Гурҷистон) Қ. Аҳмедов (Озарбойҷон) Калилов Ж. К., Раиси Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, вазири нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон, Сатибалдиев Ж. Ж. сарвазири собиқи Қирғизистон, Юрий Паша (Молдова), Хвоинский Л. А. (Россия), Лушников Н. А. (Россия), Мурадов Х. Я., Хоҷаева Л. А. (Қазоқистон), Эшонқулов А. У. (Ӯзбекистон), Шуриков А. Л. - Раиси иттиҳодияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи коркунони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, Пьер Шамбар, Мария Клер, (Франсия), Ондрей Матсиак (Словакия), Тамабаева Н. О. (Қирғистон), декани Донишгоҳи техникии Қирғизистон, Т. Меткеримов (Қирғизистон) ва дигарон суханронӣ намуданд.
Меҳмонон аз меҳмоннавозиву қадршиносии тоҷикон, зебоиҳои табиат, хусусан Душанбешаҳр, фарҳангу маросими тоҷикон изҳори назар карданд. Аз ҷумла, Досенко В. А. - Президенти Акдемияи байналмилалии нақлиёт (Россия) изҳор дошт, ки «халқи тоҷик дорои нерӯи ғайриоддии эҷодӣ, фарҳанги ботинӣ буда, табиатан шоиранд. Ман ин суханонро ба он хотир мегӯям, ки бо ин хусусиёти ҳайратовари халқи тоҷик ва дар муошират бо он дарк кардааму дар шигифт мондаам. Ба гумонам ин халқ шоиртарини он халқҳоест, ки ман то кунун медонам. Ман ба ташкилкунандаи маҳфили «Роҳҳои дӯстӣ» Бӯрӣ Каримов самимона изҳори ташаккур мегӯям. Ин шахс на танҳо дар эҷодиёту корҳои илмиву ҷамъиятӣ ва соҳаи омӯзгорӣ истеъдоди комил дорад, балки дар дӯстиву рафоқат ва дигар бахшҳои ҳаётӣ ба комёбиҳои зиёд ноил гаштааст».
Шилкадзе Тамаз, меҳмон аз Гурҷистон изҳор дошт, ки «бист сол пеш мо дар Толори калони Хонаи адибони шаҳри Маскав дар маҳфили эҷодии Бӯрӣ Карим иштирок карда будем. Дар тайи ин бист сол ӯ зиёда аз бист китоби нав навишт. Фикр мекунам, ки яке аз шахсиятҳои камназирест, ки дар ҷаҳони мо дар бораи роҳсозон асар менависад, касби худро дӯст медорад, ҳамзамон шоиру адиби соҳибистеъдод ба шумор меравад. Вай дар тайи бештар аз бист сол ба Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон роҳбарӣ мекунад. Ба шарофати ӯ имрӯз дар ин маҳфил аз ҳамаи гӯшаҳои дунё роҳсозону меҳмонон ҷамъ омадаанд ва ба шарофати ӯ мо бо ҳам ҳамасола дар алоқа ҳастем ва миёни гурҷиҳову тоҷикон, қирғизҳову дигар халқҳо равобити корӣ ҷараён мегирад. Ва ҳамаи ин бо сарварии Бӯрӣ Карим амалӣ мешавад».
Қаҳрамон Аҳмедов, меҳмон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон дар суханронии худ аз ҷумла гуфт: «Мехоҳам изҳор намоям, ки воқеан хеле хушҳолам, ки дар сарзамини тоҷикон меҳмон ҳастам. Ман бори нахуст ба ин кишвар меҳмон шудам ва мебинам, ки ҳама чиз дар ин ҷо зебо ва ҳайратовар аст. Ман бо Бӯрӣ Каримов сӣ сол аст, ки муносибати дӯстӣ дорем. Ӯ дар баробари дигар истеъдодҳояш истеъдоди дигаре низ дорад. Ин истеъдод дӯстҷӯист. Ҳар кадоми мо панҷ ё шаш нафар дӯст дорем. Вале дӯстони Бӯрӣ Карим зиёда аз сад нафаранд! Ва ҳамаи онҳо дӯстони наздики ӯянд! Ман ба истеъдоду ҳунарҳои ӯ қоил ҳастам. Имрӯз ман ба ӯ сидқан гуфта метавонам, ки Шумо фарзанди арзандаи халқи тоҷик ҳастед».
Бусел А. В., меҳмони белорусӣ баъди расонидани салому паёмҳои самимонаи халқи белорус изҳор дошт, ки «ман ба ин маҳфили эҷодии Бӯрӣ Карим - роҳсози эҷодкортарин аз миёни онҳое, ки мо медонем, либоси махсуси шоири белорусро овардам. Ин либосро Шоири халқии Белорус Янка Купала пӯшида буд, ки дар оғози фаъолияти ҳаётиаш роҳсоз буд». Меҳмони белорусӣ аз эҷодиёти худ шеъреро бахшида ба роҳсозон қироат намуд.
Исенгалиев Б. И., роҳсоз аз Ҷумҳурии Қазоқистон гуфт: «Иқрор мешавам, чаҳор рӯз аст, ки маро эҳсоси ҷашнӣ тарк намекунад. Сабабашро дар руҳияи хоси сарзамини тоҷикон медонам. Ман 15 сол роҳбари соҳаи роҳсозони Қазоқистон будам. Ҳоло ба дигар кор машғул ҳастам, вале дар дилам нисбати роҳсозон эҳтироми амиқ дорам, зеро роҳсозӣ касби шариф ва амри савоб аст. Бояд ба Бӯрӣ Карим бигӯям, ки ӯ марди Худост. Пеш аз ҳама ба хонаводаи ӯ изҳори ташаккур менамоям, ки ба ҷаҳониён чунин шахсиятеро эҳдо намудаанд».
Калилов Ж. К., раиси Шӯрои байнидавлатии роҳсозон, вазири нақлиёт ва роҳи Ҷумҳурии Қирғизистон мегӯяд: «Худованд истеъдодро ба одами соҳибистеъдод медиҳад. Дӯсти мо Бӯрӣ Карим он қадар соҳибистеъдод аст, ки баъзан ман ҳайрон мешавам, ки вай кай фурсат пайдо мекунад кор кунад, шеър эҷод кунад, роман нависад. Шумо, тоҷикон, бояд воқеан бо фарзанди худ ифтихор дошта бошед, зеро вай дур аз Тоҷикистон ҳам эҷод мекунад, заҳмат мекашад, меофарад. Табиатан офаранда аст. Кӯшиш мекунад, ки ҳамеша барои одамон чизе арзишманд, фоиданок биофарад. Имрӯз ба шарофати Бӯрӣ Карим Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон аз доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил берун баромада, бо кишварҳои Амрикову Аврупо, Исроил, кишварҳои арабӣ, ҳатто ба Осиёи ҷанубӣ пайвастааст».
Вазир Жамшитбек Калилов аз номи Матвиенко Валентина Ивановна, раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия ба Бӯрӣ Каримов мукофоти Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ордени «Содружество»-ро супорид, ки боиси ифтихори мост.
Сатибалдиев Ж. Ж., собиқ сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон гуфт: «То рӯи ин саҳна омадан ман ба худ меандешидам, ки агар Иттиҳоди Шӯравӣ пош намехӯрд, Бӯрӣ Карим яке аз роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ мебуд. Ва имрӯз Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон ба шарофати саъю талоши дӯсти мо Бӯрӣ Карим хеле хуб фаъолият менамояд. Ман мехоҳам ба халқи тоҷик ба хотири чунин шахсият ва ташкилотчӣ изҳори ташаккур намоям. Худованд ба ӯ истеъдоди зиёд эҳдо намудааст. Мо қирғизҳо дар бораи роҳ мақоле дорем, ки чунин аст: Бигузор роҳи ту аз хона оғоз шаваду дар хона анҷом ёбад».
Лушников Н. А., мудири кафедраи Донишгоҳи нақлиёти Россия изҳор дошт: «Яке аз истеъдодҳои Бӯрӣ Карим ин истеъдоди омӯзгории ӯст. Вай профессори кафедраи донишгоҳи мо мебошад. Аз фанни истифодаи роҳҳо дарс мегӯяд. Донишҷӯён барои кори дипломӣ аксаран ӯро роҳбар интихоб мекунанд».
Муродов Х. Я., аз Қазоқистон бошад, зикр намуд: «Ман дар Тоҷикистон таваллуд шудаву фаъолияти кориамро якҷоя бо Бӯрӣ Карим дар ҳамин ҷо оғоз намудаам. Метавон бо боварӣ гуфт, ки Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон ба шарофати саъю талоши пайгиронаи Бӯрӣ Карим ба чунин дараҷа расидааст».
Инчунин, Хоҷаева Л. А., аз Қазоқистон чунин иҳори назар кард: «Ман ҳам дар Душанбе таваллуд шудаам ва имрӯз худро дар Ватан эҳсос мекунам. Ба шарофати Ака Бӯрӣ ман ба Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон ба кор даромадам. Ман мисли Бӯрӣ тоҷик ҳастам ва аз ин ифтихор дорам».
Эшонқулов А., аз Ӯзбекистон, зикр намуд: «Соли 2007 дар маҳфили эҷодии Бӯрӣ Карим дар Хонаи адибони шаҳри Маскав иштирок доштам ва дар ин толор шунидани шеъру сурудҳо ба забони тоҷикӣ бароям хеле гуворо буд. Дар он маҳфил вазири номдори Россия А. П. Насонов гуфта буд: «Бурӣ дар ин синну сол вазифае нест, ки ту кор накарда бошӣ, ордену медале нест, ки ту нагирифта бошӣ, баъди якчанд сол ба ту кадом мукофотро пешниҳод мекунем?». Ман шунидам, ки дар бораи Бӯрӣ китобе омода шуда истодааст. Мехоҳам андешаҳоямро дар бораи ин шахс ба таври хаттӣ нависам».
Шуриков А. Л., аз Россия: «Бӯрӣ Карим инсони фараҳбахш аст. Коре мекунад, ки ба кас шодиву сурур ато намояд. Ин шахсро Дӯстӣ ба мо эҳдо кардааст. Дӯстиро қадр мекунад, онро бахш менамояд, тайёр аст, ки ҳамеша дар паҳлуят бошад. Бо супориши Думаи давлатии Федератсияи Россия Бӯрӣ Карим бо медал сарфароз карда мешавад».
Пйер Шамбар, аз Фаронса: «Бори нахуст, вақте Бӯрӣ Бачабекович маро ба ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон даъват намуд, ман ибораи «Роҳҳо одамонро тифоқ месозанд»-ро шунидам. Тамоми таърихи муносибатҳои ману Бӯрӣ муносибатҳои дӯстона бо ӯ ва аҳли оилааш мебошад, боз мулоқотҳои дигар дар бисёр кишварҳои дунё.
Дирӯз маро эҳсосоти зиёде фаро гирифт. Барои хизматҳоям, ба хотири ҳама он чӣ, ки барои роҳҳои ИДМ кардам, барои татбиқи технологияи нав, бо медал сарфароз гардонида шудам. Ин медалро танҳо бо мусоидат ва дастгирии Бӯрӣ гирифтам. Дар ин синну сол ман дар бораи набераҳоям фикр мекунам ва он чӣ, ки ба роҳҳо марбут аст, биёед, ба хотири муҳити зист, экология, ки барои зиндагии мо хеле муҳиманд, якҷоя кор кунем».
Мария Клер (Фаронса): «Мо бо Бӯрӣ дар Фаронса шинос шудем. Баъд Бӯрӣ Бачабекович моро ба Маскав, пасон ба Душанбе овард. 20 сол пеш низ ӯ маҳфили адабӣ ороста буд. Ман шеъреро, ки ӯ ҳамроҳи Ортиқ Қодиров дар Париж хонда буданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Албатта, мо маънии он шеърро намефаҳмидем, аммо оҳангнокии забон ва овози шево дар ёдам ба таври ҳамешагӣ нақш бастаанд. Ин шеъре буд бахшида ба хоҳараш, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳалокат расида буд. Мо ӯро гӯш мекардему ашкамон ҷорӣ мешуд».
Харитонов С. В. (Белорусия): «Дар бораи кори Бӯрӣ, қобилияти ташкилотчигии ӯ, зиндагии дурахшону саршораш мо аз китобҳое, ки ӯ худ навиштааст ва китобҳое, ки дар бораи ӯ навиштаанд, хуб ошно ҳастем. Хидматҳои Бӯрӣ Каримов бо мукофотҳои зиёди давлативу байналмилалӣ ва соҳавӣ қадршиносӣ шудаанд. Мо бо Шумо фахр мекунем, Бӯрӣ Бачабековичи гиромиқадр!».
Бекбулатов Ш. Х. (Қазоқистон): «Дӯсти азиз, Бӯрӣ Бачабекович! Роҳсозони Қазоқистон аз роҳи ҳаётӣ ва меҳнатии Шумо огоҳии комил доранд. Дар солҳои ҷавонӣ, вақте ҳамсолони Шумо фаъолияти меҳнатии худро нав акнун сар мекарданд, Шумо ба муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣ мекардед. Баъдан Шумо бо супориши ҳукуматҳои ИДМ ҳаёти худро бо иттиҳоди роҳсозони касбии кишварҳои мо бахшидед. Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, ки солҳои дароз роҳбари Котиботи он мебошед, дар айни ҳол барои мо муассисаест, ки на танҳо роҳсозони ИДМ, балки бисёр кишварҳои дигарро муттаҳид мекунад».
Тамабаева Н. О. (Қирғизистон): «Шумо, Бӯрӣ Каримов, роҳи душвор, вале пуршарафи зиндагиро тай карда, аз муҳандиси оддии роҳсоз то вазифаҳои баланди давлатӣ расидаед. Аз соли 1995 то ҳол ҳамчун роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон фаъолият мекунед. Академики Академияи нақлиёт, Академияи байналмилалии нақлиёт, корманди фахрии нақлиёти Федератсияи Россия, роҳсози фахрии Тоҷикистон, Россия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина ҳастед. Ҳамеша барои рушди роҳсозӣ саъю талош меварзед ва мо итминон дорем, ки дар ин бахш саҳми боз ҳам арзишмандтар хоҳед гузошт».
Ҷаманбаев М. Ҷ. (Қирғизистон): «Мо Шуморо, Бӯрӣ Бачабекович, ҳамчун роҳбари билоивази Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон медонем. Роҳи ҳаётии Шумо барои ҳар як шахс намунаи ибрат аст. Мо Шуморо дар баробари вазифаҳои давлативу ҷамъиятиатон ҳамчун шоиру нависанда мешиносем. Меҳнатҳои Шумо бо ордени «Дӯстӣ»-и Федератсияи Россия ва дигар мукофотҳои баланд қадр карда шудаанд».
Журбин А. А. (Россия): «Кормандони соҳаи роҳсозии ИДМ Шуморо, Бӯрӣ Бачабекович, заҳматҳои Шуморо хуб медонанд ва қадр мекунанд. Бо Шумо ҳамкорӣ кардан ҳамеша гуворост. Зеро мо Шуморо ҳамчун инсони соҳибистеъдод, дорои мавқеи ҳаётӣ, муаллифи бештар аз 60 асар, устоди пешаи худ, ошиқи ҳақиқии зиндагиву касбу кори худ хуб мешиносем».
Дар маҳфил ҳамчунин меҳмонон Юрий Паша (Молдова), Хвоинский Л. А. (Россия), Бутовский А. (Россия), Ондрей Матсиак (Словакия) ва дигарон суханронӣ намуда, таассуроти худро аз ин сафар ва андешаҳояшонро дар бораи Бӯрӣ Каримов иброз намуданд.
Як гуруҳ ҳунармандони мардумии Тоҷикистон бо рақсу сурудҳояшон хотири меҳмононро болида доштанд.
Сурудҳои овозхони шинохтаи қирғиз Ханикей, ки аз ҷумла суруди тоҷикии «Гулҳои Душанбе»-ро бо маҳорати баланд иҷро намуд, ба аҳли толор хеле мақбул гардиданд. Баромад ва суханрониҳои ҳама меҳмонон самимона ва бо эҳсоси минатдорӣ нисбати кишвар ва халқи тоҷик сурат гирифтанд.
Дар охир аз ҷониби раиси «Боргоҳи сухан» Бӯрӣ Карим ба меҳмонон тоқиҳои чустӣ, тоқиҳои гулдӯзии миллӣ, ки дар зеҳакҳояшон навиштаҷоти «Тоҷикистон», «Душанбе», «Кӯлоб» гулдӯзӣ шуда буд, инчунин тӯпиҳои занона, куртаҳои чакан ва хилъату ҷомаҳои зардӯзӣ туҳфа карда шуд, ки мақбули хотири меҳмонон гардиданд.
Аз ҷониби меҳмонон низ барои осорхонаи «Боргоҳи сухан» асбобҳои мусиқии миллӣ, либосу кӯлоҳҳои миллӣ, армуғонҳои зарфиву чӯбӣ ва ғайра туҳфа карда шуд.
Меҳмонон изҳор доштанд, ки чунин маҳфилҳо барои мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ миёни халқҳову кишварҳо нақши муҳим хоҳанд иҷро намуд.

Шоира ҲАКИМОВА

Тағйироти охир Шанбе, 09 Декабр 2017 14:02
Хонданд 362
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.