.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

АШӮР САФАР, МАН ВА ПОРАИ НОНИ СИЁҲ

Дек 09, 2017 Диданд: 450
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Бисёр ёддоштҳоям пайвандӣ доранд ба дигарон ва ёддоштҳояшон, ки устод Ашӯр Сафар яке аз онҳост. Аз ин боис ҳар бори дар мавзӯҳои ҳаёти инсонӣ чизе навиштанам, ашъори устод ва симои муборакашон ҳатман ёд меоянд.

I
Соли 1993 буд ё 1994. Як дӯсти кӯлобиам маро ба меҳмонӣ даъват кард. Ба хотири гарм кардани суҳбат соҳибхона ин устоди воқеии суханро низ даъват карда будааст. Яъне, «Он ҷоест, ду ҳамқалам, мешавад суҳбати гарм». Баробари аз дар даромадани устод фазои ҳуҷрае, ки мо менишастем якбора дигар шуд. Ҳатто ҳанӯз салому алайк накарда, дили шахсан ман хурсанд гашту табъам болида…
Суҳбатеро ки мо доштем, метавон ба як дарахти азими пуршоху барг ва сермева ташбеҳ дод. Дарахте ки шоху баргҳояш гуногун ва ҳар шохаш боз шохчаҳои зиёди дигар дораду ба ҳар ҷониб майл карда. Меваҳояш хурду калон ва таъмашон ҳархела: ширину талх, бомазаву турш…
Вақте, ки суҳбат ба мавзӯи ҷасорату иродаи Зан-Модар пайваст, устод як қиссаи бас ҷолибро ёдовар шуданд, ки бо вуҷуди бисёр ҳузнангез буданаш, хеле ибратбахш аст, - на танҳо барои мо тоҷикону тоҷикистониён, балки барои тамоми аҳли башар. Қисса чандон нав нест. Аммо замони нақл шуданаш пурра айният дошт ба ҳаводиси ба сари мардуми мо омада. Ба умеди он ки шояд ба гӯши ташнагони хуни одамӣ мерасад ва онҳоро ба андеша водор мекунад, ман он қиссаро бозгӯйӣ мекунам:
Солҳои ҷанг будааст. Дар деҳаи устод кӯдаки сесолае аз гуруснагӣ фавтидааст. Барои кандани гӯри он кӯдакак ва ба хок супоридани ҷасадаш марди солимеро пайдо карда натавонистаанд. Бинобар ин, модари зори ӯ ноилоҷ монда худ белу каланд гирифтааст ва чор наврасро ҳамроҳи хеш ба гӯристон бурда, ҳамзамон бо кандани гӯри фарзандаш, ба онҳо гӯрканиро омӯзонда гуфтааст: «Акнун мардони русто шумоед, бояд корҳои мардонаро ёд гиред. Агар замона ҳамин бошад, ин кор аз ҳама корҳо заруртар мешавад».
Ин қиссаи кардаи устод авзои маро дигар кард. Ҳис намудам, ки ба баданам мурғак дамида, мӯйҳоям сих шуданд. Зеро медонистаму сарфаҳм мерафтам, ки модар барои тифлаш, махсусан барои ҳимояи ҷони ӯ ба ҳама чиз қодир аст. Медонистам, ки дар ин роҳ модарон аз ҷони худ мегузаранду ҷони фарзандашонро наҷот медиҳанд. Аммо ҳеҷ сарфаҳм намерафтам, ҳеҷ дар зеҳнам намеғунҷид, ки модар метавонад бо дастони худ гӯри фарзандашро биканад, ӯро дар лаҳад хобонад, даричаи онро деворбандӣ кунад ва берун ояду боз гӯрро хокпӯш намояд. Ин ба фаҳми ман рост намеомад, дар мафкураам ҷой намешуд.
Оғоз кардани устод ба хондани мисраҳои зерин маро андаке ба худ овард:
Кӯчаи мо шуд тиҳӣ аз мардҳо,
Не падар, не марди дигар монда буд.
Мо ба мисли чӯҷа дар ҷув-ҷув шуда,
Байни мо чун мурғ модар монда буд.
Мурд рӯзе бачаи сесолае,
Гӯркан даркор шуд, аммо набуд.
Модари банди азо бархоста
Чори моро рӯйи қабристон бибурд.
Бел зад ночор модар, гӯр кофт,
Гӯр канданро ба мо ҳам ёд дод.
Мурдаи фарзанди хушгуфтори худ
Дар лаҳад модар ба дасти худ ниҳод.
Ваҳ, чи сон сахтест, вақте модаре,
Гӯр бар фарзанди худ худ меканад!
Ваҳ, чи сон сахтест, вақте модаре,
Мениҳад фарзанди худ худ бар лаҳад.
Баъд аз ин биншаста дар паҳлӯи гӯр,
Гиряҳо бинмуд модар зор-зор,
З-ашки чашмаш гӯйи тобистони хушк
Шуд иваз бар рӯзи борони баҳор.
То кунун бидҳад садо бар гӯши ман,
Нолаи он мом аз болои гӯр.
Нолаи он модаре, ки шавҳараш
Кард қурбон ҷони худ дар мулки дур.
То кунун он нола сӯзонад маро,
Мисли чӯби тар, ки дар озар шавад.
То кунун гӯяд ба гӯшам шеванаш
«Сулҳ бояд дар ҷаҳон сарвар шавад!»

- Ҳа, устоди азиз. Ҷони гапро гуфтаед: «Сулҳ бояд дар ҷаҳон сарвар шавад!». Вагарна инсоният чун инсон зист карда наметавонад.
Инро гуфтаму ба нақли қиссае оғоз кардам, ки давоми мантиқии қиссаи устод буд.
- Ёдашон ба хайр, модаркалонам Озода аз замонҳои ҳамон ҷанги хонумонсӯз ва қаҳтии нон, як қиссаи афсонаосое нақл мекарданд, ки он ҳам бозгӯкунандаи ҷасорату матонати Зан-Модар аст.
Замони ҷанг будааст. Чуноне ки дар қиссаи шумо ҳам омадааст, дар деҳу шаҳр марди солим намондааст. Ҳамаи мушкилоти рӯзгор, таъмини хӯрок ва тарбияи фарзандон, тамоми корҳои саҳро ва ҷамъият ба дӯши занон афтодааст. Занҳо ба ном зан будаанд, дар амал руҳу тани мардона доштаанд. Онҳо низ ҷанговар ҳисоб мешудаанд ва чун ҷанговарон ҷанг мекардаанд, - дар ақибгоҳ, ки фронти зарбдор эълон шуда будааст. Ҳар зан бо худ яроқи ҷангӣ доштааст. Лекин, онҳоро бел, каланд, дос, шоха мегуфтаанд. Занҳо ҷуфт мерондаанд, кишт мекардаанд, дарав менамудаанд, хирман мекӯфтаанд, бод медодаанд. Занҳои «танкрон» ҳам будаанд. Вақти кишт бо он «танкҳояшон» ҷуфт мекардаанд, вақти ҷамъоварии ғалла чигина баста ғалаи даравидаро ба хирманҳо мебурдаанд. Он «танкҳоро» дар хирманкӯбӣ низ истифода менамудаанд ва боз ғалаи тайёрро ба воситаи онҳо то анборҳо бурда мерасонидаанд. Номи «танкҳо» бас аҷоиб будааст: асп, барзагов, ҷавона, маркаб.
Ҳамаи ин корҳоро занон мекардаанд. Аммо як зани деҳаи модаркалони ман, ки дар куҳистони Ғозималик воқеъ аст, боз кореро карда тавонистааст, ки дар гирду атроф назирашро гӯшҳо нашунидаю чашмҳо надида будаанд.
Моҳи баҳман (феврал), ҳанӯз ҳаво хунук будааст. Дар талу теппаҳо барф об нашудаю нафаси гарми баҳор кам мерасидааст. Дар ҳамин гуна вақту шароит занҳоро ба ҷуфтронӣ баровардаанд - бо «танкҳояшон». Ана, ҳамин зан тифли хурдсолашро гарм печонидаасту «шамолпаноҳ ва мулоим» гуфта, дар қади яке аз ҷӯяҳои замини рондааш хобонидааст. Лаҳзаи ҷуфткунон ба охири ҷӯяки навбатӣ расиданаш, бо шунидани чирроси фарзандаш ба қафо нигариста, ҷигарбандашро дар даҳони гурге дидааст, ки ӯро кашолакунон ҷониби ҷарӣ мебарад. Ӯ ҳамон лаҳза гӯё болу пар бароварда, барои наҷоти кӯдакаш шитофтааст. Бо ҷасорат ва нерӯйи фавқулодаи тасвирнопазир бо панҷшохи барои хасҷамъкунӣ овардааш ҷониби гург тохтааст. Дар як он ба гург расида, бо чолокии палангона ба он ҳамла кардааст. Ба тану гардани гург захмҳо зада, ӯро маҷбур кунонидааст, ки кӯдакро раҳо кунаду рӯ ба гурез ниҳад. Аммо гурги захмҳои зиёд хӯрда, дур рафта натавониста, худро ба чуқурие андохтааст. Занак кӯдаки хуншорашро андаке ҷо ба ҷо кардаасту то он чуқурӣ рафта, ба гург боз захмҳои марговартар зада ӯро куштааст. Занҳои дигар низ расида омадаанд ва дар тоза намудани сару тани кӯдак ба модараш ёрӣ дода, бо ҳамин ӯро аз марг раҳонидаанд.
Ин аст ҷасорат ва матонати зан, - зане ки дар баробари зании хеш боз Модар аст, офаридгор аст, - баъд аз Худо!
Мутаассифона, кӯдак дер напоидааст. Бо сабаби гуруснагӣ ба захми дандонҳои гург тоб наоварда, баъди ду-се рӯз ҳалок гаштааст. Модар кӯдакашро аз чанголи гург раҳонида бошад ҳам, аммо аз чанголи гуруснагӣ халос карда натавонистааст.
Бо ҳамин суҳбат омад ба сари нон ва қадру қимати он. Устод як оҳи чуқур кашиданду пас се маротиба «нон, нон, нон» гуфтанд ва бе муқаддима ба шеърхонӣ даромаданд:
Кунам дар хонаам ҷанҷоли бисёр,
Агар як мағзи нон бинам таги по.
Касе рағмам намояд ҳарфи бад такрор,
Ту гӯйи мешавам оташ саропо.
Ба чашмам зишт тобад бачаам низ,
Агар нохӯрда монад луқмаи хеш.
Касе якдаста нонро бишканд, тез,
Намоям аз сари хонам варо пеш.
Ин шеъри калон ва пурдард аст. Дар он устод хислати нонпарастии хешро гуфтаанд, азобҳои бенонию гуруснагӣ кашидани худашону дигаронро ёдовар шудаанд. Вале, гуфтаҳои он кас гӯё гуфтаҳои мананд ва гуфтаҳои манбаринҳоянд.
Аз ҳамин шеърашон пай бурдам, ки хислати ману устод дар масъалаи нону нонпарастӣ якхела аст. Яъне, ҳарду ҳам наметавонем, мағзи нонеро зери по чи ки, ҳатто афтода бубинем. Ман ба фарзандону наберагонам вақте эрод мегирам ё онҳоро сарзаниш мекунам, ки агар нонро дар нондон ё рӯйи дастурхон чаппа гузоранд, мағзи нонро резонанд, порчаи бударо нахӯрда, бутунашро пора созанд ва ё нонро бо дасти чап гиранду бо як даст шикананд. Аз шеъри хондаашон маълум шуд, ки устод ҳам айнан ҳамин тавр ҳастанд. Ин чиз маро водар кард, ки пораи «нон»-и дар ҷузвдонам бударо барораму рӯйи тақсимчаи пеши устод буда гузошта, бо нимсавол бигӯям:
- Устод, шумо албатта ин гуна нонро ҳам дидаю хӯрдаед?
Он кас тақсимчаро бардошта ба «нон» чанде нигаристану пас ҳайратомез пурсиданд:
- Ин ҳам нон аст?
- Бале, устод, нон аст.
- Чӣ хел нон?
- Чи хеле ки мебинед.
Мардуми шӯхтабиат ва бисёр пастию баландиҳои рӯзгордидаеро чун устод Ашӯр Сафар зуд ба ҳайрат овардан кори осон нест. Аммо он кас ҳақиқатан дар ҳайрат шуданд ва аз чунин ҳайраташон ман низ ба тааҷҷуб афтодам.
- Пурсишам он аст, ки аз чӣ омода шудааст? - таги саволашонро фаҳмонданд устод.
- «Аз сабӯс. Не, аз сабӯс не, аз сабӯси сабӯс», - сухани қаҳрамони ин нигоштаамро айнан бозгӯйи карда, эзоҳ додам ман.
- Аз сабӯси сабӯ…с? - овозашонро андак кашиш дода бо чашмони пур аз савол ба ман нигариста пурсиданд устод. Аммо ба ҷавобам интизор нашуда он порчаи «нон»-ро ба даст гирифта пушту рӯ карда, аз назар гузарониданду худ гуфтанд:
- Мо борҳо аз сабӯси сабӯс нон карда хӯрдаем, аммо чунинашро ёд надорам.
- Акнун дидед устоди азиз, ки чунин нон ҳам мешудааст, боз дар замони мо, дар фасли баҳор, - гуфтам ман.
- Хуб, нақл мекунед, ки ин пораи нон чӣ таърихе дошта бошад?
Ман нақл кардам:
- Корманди Барномаи тоҷикистонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ҳастам. Ба минтақаи Кӯлоб хӯрокворӣ оварда, ба воситаи ҷамоатҳо ба мардум тақсим карда истодаем. Ба мақсади фаҳмидани он, ки хӯрокаҳои фиристодаамон ба соҳибонашон расидаанд ё не, ману чанд ҳамкорам ба санҷиш баромадем. Зимни санҷиш дар деҳаи Меҳнатобод, ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ман паси дарвозае истода садо кардам. Касе ҷавоб надод. Дарвоза, ки нимроғ буд даромада дидам, ки мӯйсафеде рӯйи суфаи зери тути калон хобидааст. Ӯ танҳо буд. Сӯяш қадам задам. Ба назарам бисёр фарбеҳ намуд. Чун наздаш омадам, дарк кардам, ки фарбеҳ нест, балки сар то по варам аст. Ҳоли ӯро дида, аҳвол пурсидан, маънии ба ҷароҳаташ нохун заданро мегирифт. Бинобар ин, худро шиносонида, мақсади омаданамро гуфтам.
- Ҳанӯз нагирифтаем. Се рӯз боз кампирам мераваду аз субҳ то шом навбат мепояд. Аммо ҳеҷ не, ки навбаташ расаду маводро гирифта биёрад, - бисёр дарднок гуфт мӯйсафед.
Хеле бо эҳтиёт ва ҳар чӣ қадар, ки имкон буд сабук карда пурсидам:
- Бобо, агар малол нашавед, пурсам.
- Пурс, бачам, пурс.
- Мегӯям фарбеҳ бошед, ё варам доред?
- Варам дорам, бачам, варам.
- Чанд вақт шуд?
- Аз рӯзе, ки захираи хӯрокаамон намонд. Як ду моҳ шуд-да.
- Бобо. Маро бубахшед. Медонам, ки аз набудани хӯрока одам харобу лоғар мешавад, вале варам карданашро намедонистам.
- Ҳа писарам. Шумо ҷавонон, ҳоло бисёр чизҳоро намедонед ва шукр, ки намедонед.
- Бобоҷон, садқаи ришу мӯйи сафедатон. Фаҳмонед, ки аз чӣ варам кардаед?
Мӯйсафед, чизе нагуфт. Оҳиста, гӯё ки онро озор надиҳад, бо эҳтиёт лаби дастурхончаи пешаш бударо кушод.
- Ана, аз ҳамин бачам, аз ҳамин.
- Ин чист?
- Нон, бачаҷон, нон.
- Бобоҷон, намефаҳмам, чӣ хел нон?
- Бигир бачам, бичаш, мефаҳмӣ.
«Нон»-ро ба даст гирифтам. Шабеҳи ягон хел нонҳои медонистагии ман набуд. Рангаш хокистари сиёҳтобро ба ёд меовард. Чанд мағзашро ба даҳон бурдам. Таъми ҳеҷ гуна нонҳои хӯрдаамро надошт.
- Бобо ин нон аз чӣ омода шудааст?
- Аз сабӯс бачам. Не, аз сабӯс не, аз сабӯси сабӯс.
- Онро кӣ овард?
- Ҳеҷ кас. Худам рафта, аз бозори развилка харидам. (Гардиши шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ба ҷониби ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ. Ҳ. Ю.)
- Магар чизи дигар набуд, ки сабӯси сабӯс харидед?
- Э, бачам. Шукр, ки ман ҳаминро ҳам ёфтам. Дигарон намеёбанд. Охир, аз ҷанг баромада бошем ҳам, ҳанӯз оқибатҳои он тамом нашудааст.
Баъди инро гуфтан овози мӯйсафед ларзид, дар чашмонаш об ҳалқа зад. Лаҳзае пас, дар шакли сиришк ба берун баромад. Якпаҳлӯ ки буд, оби як чашмаш аз бари бинияш, оби чашми дигараш аз рухсорааш поин фаромад. Ӯ хеле хомӯш шуд. Дар ин лаҳзаҳо ман намедонистам, чӣ гӯяму чӣ рафтор кунам. На рафтанамро медонистаму на истоданамро. Хайрият, ки баъди чанде мӯйсафед худ овоз баровард:
- Акнун бачам, мо намемирем. Ана, тут пухт, - ба тути болои сараш ишора карду канда-канда гуфт ӯ. - То онро хӯрда тамом мекунем, ки ҷав мепазад. Ана, бин, думбул шудааст… - бо шеваи шодӣ ва фараҳмандӣ ҷониби ҷави ҳавлиаш ишора карда гуфт муйсафед. - Боз, насиб бошад, ана-мана нагуфта, кампир ёрии фиристодаи шумоёнро ҳам меорад.
Ман бо иҷозати мӯйсафед ҳамин пораи нонро бо худ гирифтам. Ба ҷамоат омада, номи ӯро дар рӯйхати ёригирандагон пайдо накарда, бас дар ғазаб шудам. Ин буд, ки ба раиси он сахт эрод гирифтам. Ӯ беғамона «хай бачаҳо беаҳамиятӣ кардиян, номша нанавиштиян» гуфта, ба худсафедкунӣ даромад.
- Кампири ин мӯйсафед, рӯзи сеюм аст, ки навбат мепояд. Оё инро медонед?
- Навбат ба мо вобастагӣ надора, ҳар кӣ пеш оя, маводша мегира.
- Ҳар кӣ «зӯр бошад» гӯед.
- Ҳами хел ҳам гуфтан мумкин. Мо бо ҳазорон одам сар ба сар шида наметонем.
- Нозири минтақавӣ доред?
- Дорем.
- Чаро намефармоед, ки ӯ тартибу низомро назорат кунад?
- То ба номуш мавод нанависем, ӯ и корора намекна.
- Вай бояд аз рӯйи вазифааш ин корҳоро кунад. Агар барои маводгирӣ ҳақдор набошад, чӣ тавр инро талаб карда метавонад?
- Ҳолӣ, ҳама гушна, аз ҷумла милисаҳо ҳам.
Ман бо ӯ дигар баҳс накарда, талаб намудам, ки аз рӯйхат номи кампири он мӯйсафедро пайдо кунанд. Мутаассифона, номи ӯро ҳам пайдо карда натавонистанд, чунки навиштагӣ набуданд. Ман дигар илоҷ надоштам. Ба ҷуз он, ки бо сардорамон дар тамос шуда, иҷозат бигирам, ки ду нормаи оилаи худи раисро кам карда, аз ин ҳисоб ба он мӯйсафеду кампираш мавод фиристонам. Албатта раис аз ин амали ман ба даҳшат афтод, шӯру ғавғо бардошт. Вале, чун донист, ки ман метавонам масъаларо то ба сатҳи ҳукуматҳои вилояту ҷумҳурӣ бардорам, ором шуд.
- Ана, ҳамин аст, таърихи ин «нон», - гуфтаму ба қисса итмом бахшидам.
Вақти нақлкунӣ мушоҳида мекардам, ки чеҳраи устод бо вуҷуди хеле хушгапу ҳазлкаш ва шӯхтабиат буданашон, гирифта ва ғамгин буд. Яъне, ки он кас аз рӯзи бади мардуми одӣ, аз беғамию беҳунарӣ ва ноуҳдабароии роҳбарони вақт дард мекашиданд. Ин буд, ки баъди тамом кардани қиссаам, як оҳ кашиданду бо оромӣ гӯфтанд:
- Кори хуб кардед, савоби калон гирифтед ва ба як кунҷи шифти хона андаке назора карда чизеро ба ёд оварданд. Баъд ҷуссаашонро як ҷунбонданду ба ман нигариста аз ёд хонданд:
Чӣ медонанд онҳо, ки надонанд,
Азобу дарди бенонӣ ба олам.
Чӣ медонанд онҳое нахонданд,
Ки одам баҳри нон куштаст одам.

Ман он рӯзу замонҳо нағз донам,
Вабои гушнагиро дидаам ман.
Чӣ будӣ нон? Туро гуфтан тавонам,
Ки болояш зи тилло дидаам ман.
Занеро дида будам зору гирён,
Ки колои арӯсияш ба каф дошт.
Ба ҳар дар гашта вай хотирпарешон,
Тамомашро ба як нон нарх бигзошт.
Барои кӯдаконаш то барад нон,
Харидоре вале пайдо накард ӯ.
Агар нон нест, инсон нест инсон,
Зи нон аст одамӣ ободу некӯ.
Бимирам дар рухи холи фатир ман,
Тавону шодиву илҳомам он аст.
Ба ман аз ҳар чӣ бошад хуб равшан,
Ки шаъну эътибори номам он аст.
Ҳамегӯянд доноёни ҳикмат,
Ки одамро ҷаҳонбон офариданд.
Намирад, то бимонад поктинат,
Якум нону пас имон офариданд.

Устод андаке таваққуф карданд. Гӯё, ки андеша намуданд ва баъд ба ман нигаристанду пурсиданд:
- Акнун бо ин як порае ки гӯё нон аст, чӣ кор карданӣ ҳастед?
- Кори бисёр карданиам. Пеш аз ҳама ба хонаам мебарам. Ба зан ва фарзандонам нишон дода, мегӯям, ки гарчи шумо ҳаргиз мушкилоти нонро накашидаед, вале мардум ана ҳамин хел «нон» мехӯранд. Мефаҳмонам, ки эродгирию сарзанишҳоям ҳангоми мағзи нонро резонидану зери по карданатон ва ба нон эҳтиром нагузоштанатон барои ҳамин аст. Баъд ба хешу таборон, ҳаққу ҳамсояҳо нишон медиҳам, ки ба қадри нони доштаашон бирасанд.
- Аҷаб кори хуб мекунед. Ин воситаи таъсирбахш мешавад, барои тарбияи одамони нонмаст, махсусан кӯдакону наврасон.
Воқеан ман ҳамин тавр кардам. Зиёда аз ин, он «нон»-ро ба мақсади барҳам задани як ақидаи бисёр нодуруст, ки дар водии Вахш нисбати мардуми минтақаи Кӯлоб пайдо шуда буд ва он то андозае хусусияти низоӣ дошт, хеле устокорона истифода бурдам.
Солҳои 1993-1995 дар ин водӣ ақидаи хатое паҳн гашта буд, ки гӯё тамоми хӯрокии барои мардуми вилояти Хатлон ҷудо шударо ба минтақаи Кӯлоб мебаранд ва мушкилоти хӯрокиро дар водии Вахш асосан ба ҳамин рабт медоданд. Ман, ки вакили мардумӣ будам, он порчаи «нон»-ро дар маҷлисҳои ҳукумати шаҳр, махсусан дар сессияҳо ба вакилон ва фаъолон нишон дода, мегуфтам, ки «ана, мардуми Кӯлоб чӣ мехӯранд. Агар се-чор нафар, бигзор 10-20 нафар ҷанговарбачаҳои кӯлобӣ бо қумандонҳояшон соҳиби нону ном бошанд, ин маънии онро надорад, ки зиндагии тамоми халқи Кӯлоб, махсусан мардуми одӣ ҳамин хел аст. Шояд, ки мушкилоти онҳо аз мо ҳам дида мушкилтар бошад. Чаро, ки мо ба Душанбе, Суғд ва Ӯзбекистон наздикем, анвои заруриро ба ҳар восита арзонтару осонтар дастрас мекунем. Аммо мардуми Кӯлоб бо иллати дурии роҳ чунин имкониятро камтар доранд. Онҳо ҳама чизро аз мо дида, мушкилтар ва қиматтар дастрас мекунанд». Он пораи «нон»-ро нишон додаю ин суханонро гуфта, аз дигар вакилони мардумӣ хоҳиш менамудам, ки интихобкунандагони худ ва мардумро дуруст фаҳмонанд, то ки ба ҳарзагӯии бадхоҳону ниқорталабони ҳукумати нави қонунӣ бовар накунанд.
Баъди ин ҳам он пораи «нон»-ро ҳамеша бо худ гирифта мегаштам ва дар ҳар куҷое ки гап меомад, онро ба мардум нишон медодам ва суханони болоро такрор карда, хоҳиш менамудам, ки надонистаю нафаҳмида ба гуфтаи бадхоҳону иғвоангезон бовар нанамоянд.
Хулас, ҳаминтур шуд, ки дар натиҷаи як мағз, як мағз чашиданҳои одамон, он «нон» ба нестӣ расид. Вале, рисолати нонии худро пурра иҷро кард. Охир рисолати нон танҳо серкунии одамон нест, балки ба ҳам овардани онҳо, бо ҳам нишондан ва ҳамдилу ҳамрайъу ҳаммақсад гардонидани онон низ ҳаст.

II
Чанде пеш китоби «Борони ҳидоят»-и устод Ашӯр Сафар дастрасам гашт. (Душанбе, «Адиб», 2008). Онро мутолиа кардаму бори дигар барои худ исбот намудам, ки адиб будан, сӯхтану пухтан аст. Дар мағзи ҷонам дарк кардам, ки адиб то суханеро пазондану ба шунаванда ё хонандааш расонад, борҳо оташ мегираду месӯзад, махсусан, вақти дар хатар будани Ватан ва халқу миллаташ. Шояд бо ин хотир, Худованд чунин рисолату ваколати сӯхтану пухтанҳои адибонаро ба ҳар кас лоиқ надонистааст. Чунки ин кори ҳар кас набудаасту аз дасти ҳар кас ҳам намеомадааст.
Аз аҳли қалам кам медонам, касонеро, ки умри зиёд дида бошанд. Шояд сабаб он аст, ки «Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад, қатрае аз хуни ҷигар кам кунад». Камшавии хуни ҷигар, боис ба камшавии умр аст. Баробари соишхӯрдану камтаршуданҳои қалам рӯзҳои умри адиб ҳам камтар шудан мегиранд. Яъне, ки қалами адиб ва сухан бар сухане зам карданҳои ӯ, як навъ суҳони умраш ҳастанд. Бо вуҷуди ин, қаламкашон шабеҳи бофандагонанд. Чуноне ки бофандаҳо аз рангу риштаҳои гуногун матоҳои зебо омода мекунанд, адибон ҳам ҳазорон вожаҳои зебою шинамро ҷустаю пайдо карда, матои асари худро мебофанд ва ба хонанда пешкаш мекунанд. Худо кунад, ки хонандаю шунаванда ба қадри чунин матои бофтаю тақдим кардаи ӯ бирасад.
Устод Ашӯр Сафар аз суханони зебою шинам ва пуррангу ҷило матоҳои зиёди махмалин бофтаанд, ки қисме аз онҳо ба нон ва эҳтироми он бахшида шудаанд.

III

Солҳои 70-уми асри гузашта як сухани роҳбари давлати абарқудрати Шӯравӣ Л. И. Брежнев, бо вуҷуди аз нон пурра ва ҳатто барзиёд таъмин будани мамлакат шиори рӯз гардид: «Нон бошад, суруд ҳам мешавад». Ин сухан дар ҳамон замони серию пуррӣ ҳам барои эҳтиёту қадршиносӣ намудани нон нақши бағоят муассир гузошт. Серию пуррӣ то андозае буд, ки баъзе ношукрбандаҳо ба мағоза омада «Орди ҳалол дорӣ?» - гуфта мепурсиданд. Онҳо таҳти ибораи «орди ҳалол» навъҳои олӣ ва якумро дар назар медоштанд. Ордҳои навъи дуюму сеюмро тамоман намегирифтанд ва агар мегирифтанд, танҳо барои хӯроки чорво. Ин сухани шиоргардидаи роҳбари давлат дабдабаю воҳима ва калонигарии чунин нонмастонро ҳам барҳам зада буд.
Боз солҳои 80-уми ҳамон аср, дар Тоҷикистон як суруди бас сода, вале дилнишине пайдо шуд, ки он талқинкунандаи ҳақиқию воқеии иззату эҳтироми нон гардид:
Нон бувад чун ҷони одам,
Қувваю дармони одам.
Зеби дастурхони одам,
Иззати меҳмони одам.
Ба фикрам вақташ расида, ки боз ҳамин хел шиорҳою сурудҳо ба миён оянд? Ҷаридаҳо, садою симо, муассисаҳои фарҳангу маърифат, таълимгоҳҳо, ҷамоату кумитаҳои маҳаллаҳо барои посдории қадри нон корҳои тарбиявии бештар ва таъсирбахш бубаранд. Инро дар доираи иҷрои Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳам кардан мумкин аст. Агар «Соли нон» эълон карда шавад, боз ҳам нуран ало нур хоҳад буд.
Ҷовид бод нон-беҳамтотарин воситаи зиндагии инсон! Шод бод, руҳи Ашӯр Сафар, устоди воқеии сухан ва нондӯсту нонпарвар!

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ

Тағйироти охир Шанбе, 09 Декабр 2017 13:43
Хонданд 450
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.