.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Фарҳанг

Шумо дар Фарҳанг

ЯК ҚАЗОҚ

Нояб 25, 2017 Диданд: 361
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дар Омӯзишгоҳи касбӣ-ҳунарии № 19, ки дар ҳудуди хоҷагии пахтакории «Коммунизм» ҷойгир аст, як қазоқ кор мекард ва аз ин ифтихор дошт ва ин нишондиҳандаро ҳамеша бо як мамнунияти ба худ хос ба ҳар ҳамсуҳбаташ изҳор мекард.
- Ман дар ин Омӯзишгоҳу хоҷагӣ як қазоқ мебошам, - ва дарҳол бо ҳазлу мазоҳ илова мекард. - Қаерда қазоқ, буерда азоб.
Тарҷумаи ин мисраъҳоро худаш дар варақе сабт намуда, ба ҳар хоҳишманд нишон медод:
Дар куҷое қазоқ аст,
Дар он ҷо мазоқ аст.
Калимаи азобро ба мафҳуми мазоқ иваз карда, бо ҳамин вазни шеърашро ҳамқофия намуда, худаш тафсир медод.
- Баъзан шиносҳоямро мазоқ карда, бо ин амалам онҳоро дар азоб мемононам.
Насабаш Мелибоев буд. Номаш Алпомиш. Қаду басташ ба мардуми қазоқ, ки аслан онҳо мардуми қадпаст мебошанд, ҳеҷ монандие надошт. Ӯ марде буд қоматбаланд, рӯйпаҳну чашмони шуълаваре дошт. Пойафзоли андозааш 48 мепӯшид. Дар лабонаш доимо табассум чарх мезад. Хушгуфтору суҳбаторо ба ҳисоб мерафт. Аз ин хотир ҳеҷ гоҳ ӯро танҳо дида намешуд. Дар атрофаш ҳамеша мардуми зиёде ҷамъ меомад.
Ҳайратовараш он буд, ки оила надошт ва худаш танҳо дар ҳуҷраи хобгоҳ мезист. Ба назар чунин мерасид, ки ҷинси латиф умуман барои ӯ вуҷуд надошт. Худаш хӯрок мепӯхт ва худаш сару либос мешӯст. Доимо тозаю озода мегашт.
Касе намедонист, ки Мелибоев зодаи кадом минтақаи Қазоқистон мебошад ва аз кадом ноҳия ё шаҳр ба ин водии навобод омадааст. Синну солашро низ касе аниқ муайян карда наметавонист ва баъзан агар дӯстонаш ба тариқи шӯхӣ доир ба ин паҳлуҳои ҳаёташ савол диҳанд, бо ханда ҷавовб мегардонд.
- Ин маълумотҳо барои шумо чӣ лозим. Ман аз куҷояму чанд солаам. Муҳимаш он ки ман дар рӯ ба рӯятон нишастаам ва бо шумо суҳбат дорам.
Ва баъд ба ҳазлу шӯхӣ мегузашт.
- Чӣ - ӣ, як қазоқро чашми дидан надоред? Охир, ман дар байни шумо якто гул ҳастам ва чун булбул вақти шуморо бо сурудхонӣ хуш мегузаронам. Шуморо лозим аст, ки маро ҳамчун гаҳвараки чашм эҳтиёт кунед.
- Эҳ - ҳа, бигӯй, ки пуфу чаш карда болои сарамон бардошта гардем, - бо оҳанги гуфтораш луқма мепартофт муаллим Парпиев.
- Набошад чӣ, - Мелибоев суҳбатро метафсонд. - Канӣ, бигӯед, ки ман барин қазоқи қадбаланди хушсуҳбатро дар куҷо дидаед? Дар ҳеҷ куҷо. Агар дар рӯзи равшан бо чароғ кобед ҳам намеёбед. Шумо бояд назди пойи ман ҳамчун авлоди Абай Қунанбоев саҷда кунед.
- Ҳо, балое, - ба суҳбат ҳамроҳ мешуд Абдусаттори чойхоначӣ. - Дилат дӯғи турш мехоҳад.
- Дӯғ не, - дарҳол посух медод Алпомиш. - Дилам қимизи қазоқӣ мехоҳад.
- Чаро насабатро Мелибоев гузоштаанд, - мавзӯи суҳбатро ба дигар самт мегардонд Юлдошев. - Охир калимаи «бой» тоҷикӣ буда, ба номи қазоқҳо ҳеҷ иртиботе надорад.
- Мо ин мафҳумро дӯст медорем, - бо хандаю наранҷида ҷавоб мегардонд Алпомиш. - Чун даштҳои беканор бузург буданамонро дар бой будан маҳз ишора мекунем. Мелибоев, Назарбоев, Сотбоев, Қунанбоев, Қазоқбоев, Сегизбоев ва монанди инҳо.
- Алпомиш, бифаҳмон, ки чаро зан намегиред? - ин дафъа Валиҷон ҷилави суҳбатро ба дигар тараф тоб медод.
- Э, як бор зан гирифта дар бало мондам, - чеҳраи Мелибоев тира мегашт. Ӯ бо қаҳр аз ҷой хеста, ҳамсуҳбатонро дар ҳолати карахтӣ мононда, ба тарафи манзилаш гом мебардошт.
- Маълум, ки аз дасти зан ба кулфати алиме гирифтор шудааст, - хулоса мебаровард Абдулло.
Хеле баъд, бо гузашти чандин солҳо кӯшоиши ин муаммо ва ҷавоб ба дигар саволҳои ҳамсуҳбатон танҳо ба ман муяссар гардид.
Охирҳои солҳои 70 - ум Мелибоев аз олам гузашт. Маъмурияти омӯзишгоҳ маъракаи ҷанозаи ин қазоқро бо эҳтиром гузаронд. Дар сари гӯр дӯстону ҳамкорон бо ашки равон сухан гуфта, хислатҳои неки ӯро ёдовар шуданд.
Кумитаи иттифоқи касаба бо қарор ҳуҷраи Мелибоевро ба ман вобаста кард. То анҷомҳояро ба манзил ворид намудан қарор додам, ки онро аз таъмир баророрам. Бо ин мақсад ҳамаи лаққу луқ ва латту пути марҳумро ба рӯи ҳавлӣ кашондам. Ҳангоми баровардани мизи корӣ аз ғаладон дафтари хотироти Алпомиш афтид. Кушода ба саҳифаҳои он чашм давондам.
Мелибоев Алпомиш Чалишбоевич соли 1925 дар шаҳри Алма - Ато таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо факултети филологияи Университетро хатм карда, бо роҳхат ба рӯзномаи вилоятии Семипалатинск фиристода мешавад. Дар ин шаҳр бо духтари котиби кумитаи вилоятӣ Шамсия Салимбоева шинос мешавад ва баъдтар оила барпо мекунад. Мақолаҳояш пайваста дар рӯзномаҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ чоп мешаванд. Хулоса, Алпомиш бо зани ҷавону нозанинаш зиндагии хушбахтонаро аз сар мегузаронад.
Аввалҳои соли 50 - ум дар шаҳр овоза паҳн мешавад, ки дар дашти беканори вилоят, дар наздикии шаҳри Экибастуз пойгоҳи озмоиши зеризаминии яроқи ядроӣ сохта мешавад. Ходими рӯзнома барои муайян кардани ҳақиқати ҳол ба сохтмони махфигоҳ сафар мекунад. Ӯро ба пойгоҳ наздик шудан намемонанд. Он гоҳ ӯ ба дӯсташ муаллими фанни физика Кичикбоев муроҷиат менамояд. Муалллими фанни физика оқибати фоҷиабори ба сари аҳолии вилоят омадаро ба ходими рӯзнома мефаҳмонад.
Мелибоев барои ба муҳокимаи афкори ҷамъиятӣ кашидани ин сохтмони махфигоҳ шабона мақолаи тезу тунд омода менамояд. Пагоҳӣ аз хоб хеста, мақоларо рӯи миз намебинад. Шамсия низ ғайб зада буд. Ҳайрон дар байни хона истода, чи кор карданашро намедонад. Ҳамин замон ходимони кашшофӣ ба хона зада даромада, Алпомишро ба ҳабс мегиранд. Аз пурсиши муфаттиш мефаҳмад, ки субҳи барвақт Шамсия мақоларо хонда хулоса мебарорад, ки агар он дар васоити ахбори омма пайдо шавад, падарашу худаш аз вазифа мепаранд. Котиби кумитаи вилоятӣ бе таъхир ба кумитаи амният занг мезанад.
Дере нагузашта Мелибоевро ба муҳокимаи судӣ мекашанд. Қарори суд беадолатона ва бераҳмона бароварда мешавад. Дар натиҷаи хиёнати зани дӯстдоштааш ӯро абадан аз Қазоқистон бадарға мекунанд. Ана, ҳамин тавр Мелибоев Алпомиш Чалишбоевич ба водии Вахш меафтад.
Ва вазифадор мешавад, ки доир ба ин ҳодиса ба касе даҳон накушояд. Гузаштаи худро зери муҳри махфӣ нигоҳ дошта, қасам мехӯрад, ки дигар ҳаргиз оиладор намешавад.
Пас аз мутолиаи ёддоштҳои Мелибоев ӯ дар симои ман бо хислати дигар ҷило дод. Дафтари хотироташро, ки ҳамчун лашу луш бароварда партофтанӣ будам бо меҳр дар коғазе печонида, байни китобҳо гузоштам ва ба худ қавл додам. Бо фаро расидани фурсати муносиб ҳатман дар бораи як қазоқ, ки баҳри наҷоти миллати худ талош карда, бо маҳрумиятҳо дучор шудааст, қисса менависам.

Зариф Ғуломов

Тағйироти охир Шанбе, 25 Ноябр 2017 10:38
Хонданд 361
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.